Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт дар Шуғнони ВМКБ

© Foto / Пресс-служба администрации Шугнанского районаCтроительство солнечной электростанции в Шугнанском районе
Cтроительство солнечной электростанции в Шугнанском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Обуна шудан
Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар айни замон сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт сохта мешавад.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар айни замон сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар деҳаи Рож бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон майдончаи муосири варзишӣ ва ҷой барои оббозӣ бунёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз бунёди неругоҳҳои хурди офтобӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб хабар дода буд.
Вазорат қайд кардааст, ки бо бунёди неругоҳҳои хурди офтобӣ сокинони деҳаҳои Булункӯл ва Рангкӯли ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб пурра бо барқ таъмин гардиданд.
Солнечная электростанция. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ 1 млрд доллар сармоягузорӣ ҷалб мекунад
Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ҳукумати ВМКБ хабар дода буд, ки дар ҳудуди ВМКБ соли равон ҳудуди 30 нерӯгоҳи хурди барқию офтобӣ сохта мешаванд.
“Аз ҷумла бунёди 19 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 2,5 МВт ва 10 неругоҳи хурди барқи шамолӣ бо тавоноии умумии 645 кВт дар назар аст”, - иттилоъ дод ҳукумати ВМКБ.
Инчунин сохтмони як неругоҳи барқи шамолӣ бо иқтидори 200 кВт ба нақша гирифта шудааст, афзуд манбаъ.
Қаблан ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷумҳурӣ дар ду соли оянда ба иқтидори 2 ҳазор МВт нерӯгоҳҳои офтобӣ бунёд хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0