https://sputnik.tj/20260410/tojikiston-pakhta-korida-1076730555.html
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад
2026-04-10T14:41+0500
2026-04-10T14:41+0500
2026-04-10T14:41+0500
дар тоҷикистон
пахта
кишоварзӣ
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071441032_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a84e63c9e7643a970977e0b32f5ffbb3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Ба иттилои вазорати кишоварзии то 4 апрел кишоварзони Тоҷикистон дар 23 320 гектар пунбадона кишт намуданд.Тавре ин манбаъ хабар додаст дар ин давра дар вилоятҳои Суғд дар 2701 гектар, Хатлон 22 597 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 гектар пунбадона кишт шудааст.Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад.Қайд карда шудааст, ки айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.Тибқи иттилои вазорат пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.Таъкид шудааст, ки кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд.Пахта маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад.Аз ин рӯ пахтакорони Тоҷикистон талош доранд, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
https://sputnik.tj/20260116/tojikiston-sodirot-pakhta-dar-2025-kohish--1074572005.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071441032_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_6a5f21c6c7290069de174661b2758f12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, пахта, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ
дар тоҷикистон, пахта, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Ба иттилои вазорати кишоварзии то 4 апрел кишоварзони Тоҷикистон дар 23 320 гектар пунбадона кишт намуданд.
Тавре ин манбаъ хабар додаст дар ин давра дар вилоятҳои Суғд дар 2701 гектар, Хатлон 22 597 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 гектар пунбадона кишт шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.
Тибқи иттилои вазорат пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.
Таъкид шудааст, ки кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад.
Аз ин рӯ пахтакорони Тоҷикистон талош доранд, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.