https://sputnik.tj/20260812/tainoti-kadri-vkd-rahmon-rahimzoda-muovini-nav-1079609246.html
Таъиноти кадрӣ дар ВКД: Раҳмон ба Раҳимзода муовини нав таъйин кард
Таъиноти кадрӣ дар ВКД: Раҳмон ба Раҳимзода муовини нав таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тағийроти кадрӣ анҷом дод
2026-08-12T09:36+0500
2026-08-12T09:36+0500
2026-08-12T09:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
вкд
амният ва мудофиа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0b/1079609010_0:20:1024:596_1920x0_80_0_0_441ff00f2067d88bfa9f375a7064b35f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тағйирот ворид кард.Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, аз ба вазифаи роҳбари намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия, намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардори раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Синои шаҳри Душанбе, Мурғобу Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кадрҳои нав таъин гардиданд.Қайд карда шудааст, ки раҳбари кишвар бо кадрҳои навтаъйин дидору суҳбат кардааст.Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, даъват кард.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.
https://sputnik.tj/20260811/rahmon-hisor-iftitohi-gulgashti-duoi-modar-maktabu-kudakiston-1079599977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0b/1079609010_0:0:912:683_1920x0_80_0_0_b3ef1bae51d89de2a6b6feea0c937239.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тағйироти кадрӣ, вкд, амният ва мудофиа, сиёсат
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тағйироти кадрӣ, вкд, амният ва мудофиа, сиёсат
Таъиноти кадрӣ дар ВКД: Раҳмон ба Раҳимзода муовини нав таъйин кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тағийроти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тағйирот ворид кард.
Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ба вазифаи роҳбари намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия, намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардори раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Синои шаҳри Душанбе, Мурғобу Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кадрҳои нав таъин гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки раҳбари кишвар бо кадрҳои навтаъйин дидору суҳбат кардааст.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, даъват кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.