https://sputnik.tj/20260729/dushanbe-guzashti-nizomi-doir-meshavad-1079318230.html
Дар Душанбе гузашти низомӣ доир мешавад
Дар Душанбе гузашти низомӣ доир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Масъулин барои боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани тамринҳои омодагӣ ба гузашти низомӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд
2026-07-29T17:41+0500
2026-07-29T17:41+0500
2026-07-29T17:41+0500
дар тоҷикистон
гузашти низомӣ
паради низомӣ
душанбе
вазорати дифоъи тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057018867_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_9b54a76ddb1ab02acc6ff97a2024f88c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Гузашти низомӣ баргузор мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.Ахиран барои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ, ки ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, дар Вазорати мудофиа таҳти раёсати котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон маҷлиси машваратӣ баргузор шуд.Қайд карда шудааст, ки дар бораи баргузории Парадаи ҳарбӣ дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст.Дар ин маҷлис сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, тартибу интизоми сафороӣ ва иҷрои унсурҳои асосии ин чорабинии муҳими давлатӣ муҳокима гардида, роҳбарият ба масъулон ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани тамринҳои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Вазорат қайд кардааст, ки имсол ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузашти оммавӣ доир мегардад.Таъкид шудааст, ки роҳбарияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, омодагии ҳамаҷонибаи худро ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ баён доштанд.
https://sputnik.tj/20260509/guzashti-nizomii-solgardi-ghalaba-maskav-video-1077389841.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057018867_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_9019e0d9e6e7324966b6b9eb5c54a798.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гузашти низомӣ, паради низомӣ, душанбе, вазорати дифоъи тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, гузашти низомӣ, паради низомӣ, душанбе, вазорати дифоъи тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
Дар Душанбе гузашти низомӣ доир мешавад
Масъулин барои боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани тамринҳои омодагӣ ба гузашти низомӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ахиран барои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ, ки ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, дар Вазорати мудофиа таҳти раёсати котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон маҷлиси машваратӣ баргузор шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар бораи баргузории Парадаи ҳарбӣ дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст.
Дар ин маҷлис сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, тартибу интизоми сафороӣ ва иҷрои унсурҳои асосии ин чорабинии муҳими давлатӣ муҳокима гардида, роҳбарият ба масъулон ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани тамринҳои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вазорат қайд кардааст, ки имсол ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузашти оммавӣ доир мегардад.
Таъкид шудааст, ки роҳбарияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, омодагии ҳамаҷонибаи худро ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ баён доштанд.