Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд

© SputnikВид Душанбе
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти ҷадид дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон се муҳоҷири тоҷик захмӣ шуданд ва як нафар ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористони Русия тибқи иттилои тасдиқшуда, се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, як нафари дигар ҷон бохтааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ду нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд аллакай аз беморхона ҷавоб шуданд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки як нафари дигар, ки дар бахши муроқибатҳзои вижа ё реаниматсия қарор дошт ба хобгоҳи беморон (палата) гузаронида шуд ва ҳоло саломатии ӯ беҳтар аст ва дар рӯзҳои наздик ба хона низ ҷавоб мешавад.
ВУХ қаблан, хабар дода буд, ки дар ин ҳодиса як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.
Аз вазорат гуфтанд, ки Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо сохторҳои марбути Тоҷикистону Русия дар тамоси доимӣ қарор дорад.
“Ба Консулгарии генералӣ ва намояндагони дигар ниҳодҳои Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки вазъи захмиҳо ва дар маҷмуъ, вазъи мавҷударо зери назорат қарор диҳанд”, – гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки тоҷикистониҳои захмишуда дар беморхонаи Нижнекамск қарор доштанд.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, барои интиқол ба Ватан омода мешавад.
Машины скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ҳамалоти Украина ба Тотористон як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳашт узбекистонӣ фавтиданд
Вазорат қайд кард, ки ҷасадаи шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон, то рӯзи 13 август ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаи паҳподие, ки субҳи 10-уми август ба шаҳри Нижнекамск сурат гирифт, дар умум 13 кас ҷон бохта, наздики 80 тан маҷруҳ шудааст.
Миёни кушташудагон 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Мақомоти Тотористон рӯзи мотам эълон кард.
Раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ба руасоиҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон барқияҳои таслият ирсол кард.
Мақомоти Тотористон эълон карданд, ки ба оилаҳои фавтидагон 2 миллион рубл ва ба маҷрӯҳон вобаста вазъашон аз 300 то 600 ҳазор рубл кӯмакпулӣ ҷудо мешавад.
Қаблан, мақомоти Русия гуфта буданд, ки ин ҳамла аз сӯйи Украина анҷом шуда, дар он зерсохтҳои саноатӣ ва маҳалҳои иқоматии Нижнекамск ҳадаф қарор гирифтаанд.
Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми даҳшатафканӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0