Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ҳамалоти Украина ба Тотористон як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳашт узбекистонӣ фавтиданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМашины скорой медицинской помощи
Машины скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2026
Обуна шудан
Раиси Тотористон ба роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита марги шаҳрвандонашон бар асари ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба Нижнекамск изҳори ҳамдардӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Тоҷикистон ҳалокати як шаҳрвандашро дар ҳамлаи бесарнишинҳои Украина ба Нижнекамск тасдиқ кард.
Ҳалокшуда Рамазоналӣ Басиров, зодаи соли 1996 мебошад, иттилоъ доданд аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон. Маълумот дар бораи осебдидагони дигар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон пайгирӣ мешавад, афзуд мусоҳиб.
Ҳамчунин дар пайи ин ҳамла ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон низ дар ҳамлаи ҳавоии Украина кушта шудаанд.
Раиси Тотористон ба роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита марги шаҳрвандонашон бар асари ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба Нижнекамск изҳори ҳамдардӣ намуд.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник в Международном мультимедийном пресс-центре медиагруппы Россия сегодня. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВКХ Русия ҳадафи ҳамлаҳои Украинаро ба Нижнекамск ва Белгород ошкор кард
Ба гуфтаи Рустам Минниханов, инҳо афроде буданд, ки на дар корхонаҳо балки дар хонаҳои истиқоматӣ ва хостелҳо мезистан ҳаёти осоишта доштанд, ҳадаф қарор гирифтанд.
Ҳамчунин тақрибан 20 шаҳрванди хориҷӣ захмӣ шудаанд, изҳор дошт сухангӯи ВУХ Русия.
"Неонозиҳои Киев қасдан манзилҳо ва ҷойҳои кории намояндагони кишварҳои дӯстро ҳадаф қарор доданд, то ба муносибатҳои бародарона байни мардуми мо халал расонанд", - таъкид кард Захарова
Дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар Белгород ва Нижнекамск Вазорати корҳои хориҷии Русия маҳкумияти байналмилалии тақозо кард. Украина қасдан ҳамлаҳои бемаънӣ аз нуқтаи назари низомиро барои мақсадҳои террористӣ анҷом медиҳад.
Русия аз созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунад, ки ҳамлаҳои террористии Украинаро шадидан маҳкум кунанд; хомӯшӣ ҳамчун шарикӣ ва ташвиқи ҳамлаҳои минбаъда арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ВУХ Русия.
Лентаи хабарҳо
0