https://sputnik.tj/20260812/rasonaho-vens-zelenskiy-hushdor-hamlaho-bahri-siyoh-1079618831.html
Расонаҳо: Вэнс ба Зеленский ҳушдор дод, ки ҳамлаҳоро дар Баҳри Сиёҳ хотима диҳад
Расонаҳо: Вэнс ба Зеленский ҳушдор дод, ки ҳамлаҳоро дар Баҳри Сиёҳ хотима диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Financial Times менависад, ки Ноиби раисҷумҳури ИМА ба Зеленский ҳушдор додааст, ки ҳамлаҳоро ба Консорсиуми лӯлаи Каспий дар Баҳри Сиёҳ хотима диҳад
2026-08-12T16:41+0500
2026-08-12T16:41+0500
2026-08-12T16:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
има
владимир зеленский
ҳамлаи террористӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074063544_0:157:1812:1176_1920x0_80_0_0_7475adf5b9642bdc3db5784ad922d440.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ноиби раисҷумҳури ИМА Ҷей Ди Вэнс ба Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки ҳамлаҳоро ба иншооти Консорсиуми лӯлаи навфт дар Каспий қатъ кунад, хабар медиҳад Financial Times бо истинод ба мақомоти ҳарду кишвар.Нашрияи “Блумберг” қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон бо Киев дар бораи ҳамла накардан ба танкерҳои ғайрирусӣ ё зерсохтори Консорсиуми лӯлаи Каспий дар Баҳри Сиёҳ, ки барои содироти нафти Қазоқистон истифода мешаванд, тавофуқ кардааст."Украина пас аз дархости ноиби президенти ИМА Вэнс дар охири моҳи гузашта маъракаи шадиди ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро бар зидди танкерҳои нафт, ки аз як бандари муҳими Баҳри Сиёҳ истифода мебаранд, қатъ кард. Маъмурияти (ИМА) ба Украина ҳушдор додааст, ки ҳамла ба киштиҳои ғайрирусӣ дар Баҳри Сиёҳро қатъ кунад", - изҳор дошт нашрия.Нашрия қайд кард, ки созишнома инчунин даст кашидан аз зарар ба инфрасохтори ин лӯларо дар бар мегирад. Тибқи иттилои Financial Times, Киев гӯё аз замони муҳокимаи ин масъала дар сӯҳбати телефонии Зеленский ва Вэнс дар 31 июл ба танкерҳои наздик ба терминали консорсиум ҳамла накардааст.Котиби матбуоти президент Дмитрий Песков қаблан ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро ба иншооти консорсиум ғайриқонунӣ номида буд. Ӯ изҳор дошт, ки чунин ҳамлаҳо ҳамлаи Украина ба Қазоқистон, Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб мераванд.Консорсиуми лӯлаи нафти Каспий бузургтарин масири лӯлаи нафт аз минтақаи Каспий ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва масири асосии Қазоқистон буда, беш аз 80 фоизи содироти кишварро ташкил медиҳад. Бузургтарин саҳмдорони консорсиум Русия (тавассути Транснефт), Қазоқистон (тавассути КазМунайГаз), Chevron, Lukoil, ExxonMobil, як корхонаи муштараки Роснефт ва Shell мебошанд.
https://sputnik.tj/20260811/vaqt-meguzarad-ima-kiev-khabar-bad-1079603776.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074063544_3:0:1614:1208_1920x0_80_0_0_243649769b44f9f45e6dee8182f3c4ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, има, владимир зеленский, ҳамлаи террористӣ, русия
украина, амалиёти вижа, има, владимир зеленский, ҳамлаи террористӣ, русия
Расонаҳо: Вэнс ба Зеленский ҳушдор дод, ки ҳамлаҳоро дар Баҳри Сиёҳ хотима диҳад
Нашрияи Financial Times менависад, ки Ноиби раисҷумҳури ИМА ба Зеленский ҳушдор додааст, ки ҳамлаҳоро ба Консорсиуми лӯлаи Каспий дар Баҳри Сиёҳ хотима диҳад
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ноиби раисҷумҳури ИМА Ҷей Ди Вэнс ба Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки ҳамлаҳоро ба иншооти Консорсиуми лӯлаи навфт дар Каспий қатъ кунад, хабар медиҳад Financial Times бо истинод ба мақомоти ҳарду кишвар.
Нашрияи “Блумберг” қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон бо Киев дар бораи ҳамла накардан ба танкерҳои ғайрирусӣ ё зерсохтори Консорсиуми лӯлаи Каспий дар Баҳри Сиёҳ, ки барои содироти нафти Қазоқистон истифода мешаванд, тавофуқ кардааст.
"Украина пас аз дархости ноиби президенти ИМА Вэнс дар охири моҳи гузашта маъракаи шадиди ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро бар зидди танкерҳои нафт, ки аз як бандари муҳими Баҳри Сиёҳ истифода мебаранд, қатъ кард. Маъмурияти (ИМА) ба Украина ҳушдор додааст, ки ҳамла ба киштиҳои ғайрирусӣ дар Баҳри Сиёҳро қатъ кунад", - изҳор дошт нашрия.
Нашрия қайд кард, ки созишнома инчунин даст кашидан аз зарар ба инфрасохтори ин лӯларо дар бар мегирад. Тибқи иттилои Financial Times, Киев гӯё аз замони муҳокимаи ин масъала дар сӯҳбати телефонии Зеленский ва Вэнс дар 31 июл ба танкерҳои наздик ба терминали консорсиум ҳамла накардааст.
Котиби матбуоти президент Дмитрий Песков қаблан ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро ба иншооти консорсиум ғайриқонунӣ номида буд. Ӯ изҳор дошт, ки чунин ҳамлаҳо ҳамлаи Украина ба Қазоқистон, Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб мераванд.
Консорсиуми лӯлаи нафти Каспий бузургтарин масири лӯлаи нафт аз минтақаи Каспий ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва масири асосии Қазоқистон буда, беш аз 80 фоизи содироти кишварро ташкил медиҳад. Бузургтарин саҳмдорони консорсиум Русия (тавассути Транснефт), Қазоқистон (тавассути КазМунайГаз), Chevron, Lukoil, ExxonMobil, як корхонаи муштараки Роснефт ва Shell мебошанд.