Пули ҳалол: Намояндагӣ миллионҳо рубли муҳоҷиронро аз корфармоёнашон ситонид

© Sputnik / Алексей МальгавкоПродавец на рынке пересчитывает деньги.
Продавец на рынке пересчитывает деньги. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Обуна шудан
Ба иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ситонидани миллионҳо рубли музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ба иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, давоми 7 моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд беш аз 23,6 млн рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шуд.
“Дар давоми 7 моҳи соли равон дар натиҷаи ҳамкории Намояндагӣ бо мақомоти дахлдори Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон маблағи 23,6 млн. рубл, ки муодили 2,6 млн. сомонӣ баробар мебошад, ҳамчун музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст”, - таъкид кардааст Намояндагӣ.
Қайд карда шудааст, ки маблағи баргардонидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 млн. рубл бештар будааст.
Ҳамзамон, ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳолатҳои пардохт нашудани музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзоиш ёфтааст.
Намояндагӣ таъкид кардааст, ки яке аз сабабҳои асосии ба миён омадани чунин ҳолатҳо фаъолияти меҳнатӣ бе бастани шартномаи меҳнатӣ, истифода аз хизматрасонии миёнаравҳо ҳангоми ҷустуҷӯ ва пайдо намудани ҷойи кор, фаъолият дар ширкатҳои хизматрасонии тозакунӣ (клининг) бе шартномаи меҳнатӣ, инчунин сари вақт ҳимоя накардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ аз ҷониби шаҳрвандон мебошад.
Джайхунский молочный завод. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Муҳоҷират меҳнатӣ коҳиш ёфту бекорӣ зиёд шуд
Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод, дар баъзе ҳолатҳо корфармоён уҳдадориҳои худро дар назди кормандон ба таври дахлдор иҷро нанамекунанд, ки боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳои меҳнатӣ ва пардохт нашудани музди меҳнат мегарданд.
Қайд карда шудааст, ки бархе аз шаҳрвандон муносибатҳои меҳнатии худро бо корфармоён бар асоси созишҳои шифоҳӣ ба роҳ монда, иҷрои вазифаҳо, супоришҳои иловагӣ ва дигар уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатиро низ ба таври шифоҳӣ мувофиқа менамоянд.
“Дар натиҷа, ҳангоми ба миён омадани баҳс ё анҷоми муносибатҳои меҳнатӣ, исбот намудани ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва талаб намудани музди меҳнати дахлдор барои шаҳрвандон мушкил мегардад”, -зикр кардааст манбаъ.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки баъд аз гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ, ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба таври хаттӣ ба имзо расонанд ва як нусхаи аслии шартномаи меҳнатиро дар назди худ нигоҳ доранд.
Қайд карда шудааст, ки шартномаи меҳнатӣ яке аз кафолатҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии корманд ба ҳисоб меравад ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои корманд тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвари иқомат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0