Муҷоҳид: Ҳеҷ таҳдиди амниятӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон вуҷуд надорад

© AP / Siddiqullah AlizaiЗабиулла Муджахид, главный представитель правительства Талибана.
Забиулла Муджахид, главный представитель правительства Талибана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Обуна шудан
Намояндаи расмии ҳукумати Толибон* иддао дорад, ки амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври комил таъмин аст
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ҳукукмати феълии Афғонистон дар симои Толибон* нигарониҳо дар бораи вазъият дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро шарҳ дода гуфтанд, ки амният дар ин минтақа ба таври комил таъмин аст .
Хабаргузории “Ватан24” хабар додааст ахиран Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ҳукумати Толибон* дар вокуниш ба нигарониҳои матраҳшуда аз сӯии Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ гуфтааст, ки ҳеҷ гуна таҳдиди амниятӣ дар имтидоди марзи Афғонистону Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Муҷоҳид афзудааст, ки неруҳои амниятии ду кишвар бо ҳамоҳангии комили марзи муштаракро таҳт кантрол доранд ва иҷозаи ҳеҷ гунаи таҳарруки машкук ё фаъолият бесуботкунандаро намедиҳанд.
Тоҷикистон бо назардошти хатароти афзоянда аз Афғонистон тақвияти марзҳояшро бештар тақвият медиҳад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Тоҷикистон бо назардошти хатароти афзоянда аз Афғонистон тақвияти марзҳояшро бештар тақвият медиҳад.
Сухангӯи ҳукумати Толибон* гузоришҳо дарбора ноамнӣ дар ин минтақаро "воқеият надошта" дониста ва таъкид карданд, ки вазъияти марзӣ комилан таҳт кантрол аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки созмони СПАД дар бораи афзоиши таҳдидҳои билқувва дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистони иброз нигаронӣ кардааст.
*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0