Ҷанҷол сари фурӯши маҷбурии либоси мактабӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт: Вокуниши мақомот

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаШкольная форма
Школьная форма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2026
Обуна шудан
Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, ки масъалаи либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ва волидон ва бе роҳ додан ба ҳар гуна маҷбуркунӣ ба роҳ монда шавад
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар як изҳороте таъкид кардааст, ки Вазорат Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро барои хонандагону омӯзгорон таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимӣ ирсол кардааст.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки масъалаи ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ ва назорати сифати маҳсулот тибқи санадҳои дахлдор ба ваколати сохторҳои соҳавии дигар вогузор гардидааст.
Вазорат қайд кардааст, ки ҳар як истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад вобаста ба хоҳиш, эҳтиёҷ ва имконияти худ мол ё хизматрасонии заруриро озодона интихоб намояд ва ҳангоми харид ба маҷбуркунӣ ё маҳдудкунии интихоби худ роҳ надиҳад.
Вазорати мегӯяд, ки дар раванди истеҳсол, дӯхт, таъмин, нархгузорӣ ва фурӯши либосҳои мактабӣ иштирок намекунад.
Заглушка к инфографике Школьные ярмарки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2026
Дар Душанбе қабл аз соли нави таҳсил ярмаркаҳои фурӯши либоси мактабӣ кушода шуданд.
Қайд карда шудааст, ки мавқеи вазорат дар масъалаи пешгирии ҳар гуна маҷбуркунӣ дар ин самт низ возеҳ аст.
“Тибқи қонун омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла ба хариду фурӯши либоси мактабӣ ҷалб намудан, манъ мебошад”, - афзуд вазорат.
Ҳамзамон, тибқи қонун, таъин ва озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии давлатӣ, дар доираи ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.
“Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани чунин ҳолатҳо аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, масъалаи андешидани чораҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар доираи ваколатҳои қонунии онҳо баррасӣ мегардад”, зикр кардааст вазорати маориф.
Вазорати маориф дар мулоқоту вохӯриҳо, пайваста таъкид менамояд, ки дар дохили муассисаҳои таълимӣ ба хариду фурӯши либосҳои мактабӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ роҳ дода нашавад ва омӯзгорон ба чунин фаъолиятҳо ҷалб карда нашаванд.
Вазорат мегӯяд ба ҳар гуна ҳолати маҷбур намудани хонанда ё волидон ба хариди либоси мактабӣ аз нуқтаи савдо, истеҳсолкунандаи муайян ё шахси алоҳида, инчунин фурӯши он дар дохили муассисаи таълимӣ, мухолиф мебошад.
1 сентября в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардид
Вазорати маориф аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои мушаххаси вобаста ба сифати либосҳои мактабӣ, нархгузорӣ, фурӯши иҷборӣ ё дигар қонуншиканиҳо дар ин самт, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии стандартизатсия, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомоти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Агар ҳолатҳои ба фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ вобаста ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ё ҷалби омӯзгорон ба чунин фаъолиятҳо ҷой дошта бошанд, шаҳрвандон метавонанд бо маълумоти мушаххас ба мақомоти соҳаи маориф муроҷиат намоянд.
“Ҳар як муроҷиати асоснок дар доираи ваколат ва талаботи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода мешавад”, - қайд кардаат вазорати маориф.
Дар ин авохир вобаста ба сифат ва нархи либосҳои мактабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу нигарониҳои волидон зиёд шудааст. Мақомот ва масъулон пайваста аз ярмаркаҳои фурӯш боздид карда, таъкид мекунанд, ки хариди либоси ватанӣ тавсия аст, аммо волидон ҳуқуқ доранд онро аз ҳар ҷои дилхоҳи дигар дастрас кунанд.
Лентаи хабарҳо
0