Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардид

© Фото : ПРЕСС-СЛУЖБА ЦЕНТРАЛЬНОГО ВОЕННОГО ОКРУГАШкольники на 1 сентября в Душанбе
Школьники на 1 сентября в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми хабар дода, ки имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, кито 31 декабрисоли 2019 таваллуд шудаанд, ба синфиякум мераванд
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи як дар Тоҷикистон аз санаи 1-уми август оғоз мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд.
Ба иттилоъи манбаъ қабули ҳуҷҷатҳои кӯдакон ба синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027 аз 1 августи соли ҷорӣ оғоз гардида пеш аз қабул ба синфи якум кӯдакон пеш аз қабул аз сӯҳбати кӯтоҳ мегузаранд.
“Шакли баргузории он вобаста ба муассиса метавонад гуногун бошад: суҳбати одӣ, супоришҳои бозӣ ё санҷиши ибтидоии донишҳои кӯдак” – иброз дошт сӯхангуи вазорати мазкур.
Ҳамчунин ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба синфи якум танҳо кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки ба синни 7 расидаанд. Агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ метавонад ба синфи якум қабул гардад. Дар сурати 1 январи соли 2020 ё баъд аз он таваллуд шудан, қабул ба синфи якум танҳо дар соли таҳсили оянда имконпазир хоҳад буд.
Почти 800 книг получила сельская школа Вахдатского района Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Вазорати маориф ва илм: Забони русӣ дар Тоҷикистон нақши вижа дорад
Инчунин Хуршед Мавлонов иброз дошт, ки барои қабул ба синфи якум, парвандаи шахсии кӯдак, ду дона сурати 3х4, аризаи падару модар ё намояндаи қонунии кӯдак, шаҳодатномаи таваллуд, маълумотномаи тиббӣ ва маълумотнома аз ҷои итиқомат, зарур мебошад.
Дар мавриди хариди либосӣ мактаби сухангӯи вазорати маориф ва илм иброз дошт, ки он озод буда, метавон аз дилхоҳ ҷое, ки дастрас аст харидорӣ намуд. Ҳамчунин ҳасӯҳбати мо иброз дошт, ки баъзе муассисаҳое ҳастанд, ки вобаста ба татбиқи оинномаи худ либоси якранг ё алоҳидаи худро доранд.
Лентаи хабарҳо
0