https://sputnik.tj/20260811/vukh-tojikiston-hamlai-ukraina-nizhnekamsk-shahrvand-zakhmi-1079598786.html
ВУХ Тоҷикистон: дар ҳамлаи Украина ба Нижнекамск ду шаҳрванди дигари кишвар захмӣ шудаанд
ВУХ Тоҷикистон: дар ҳамлаи Украина ба Нижнекамск ду шаҳрванди дигари кишвар захмӣ шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон 2 шаҳрванди Тоҷикистон захм бардошта, як нафари дигар ба ҳалокат расидааст
2026-08-11T13:08+0500
2026-08-11T13:08+0500
2026-08-11T13:08+0500
дар тоҷикистон
амалиёти вижа
русия
украина
тотористон
захмӣ
шаҳрвандони тоҷикистон
паҳпод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии Украина ба шаҳри Нижнекамск ду шаҳрванди Тоҷикистон, захм бардоштанд.Ба иттилои Вазорат ин ду шаҳрванд, ки захм бардоштанд, ҳоло дар беморхонаи шаҳри Нижнекамск қарор доранд ва ҳолаташон миёна аст.Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ин ду муҳоҷири меҳнатии тоҷик тамоми шароит барои табобат муҳайё шудааст ва онҳо зери назорати табибон қарор доранд.Ҳамчунин вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, киҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, барои интиқол ба Ватан омода мешавад.Вазорат қайд кард, ки ҷасадаи шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон, то рӯзи 13 август ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.Қайд карда шуд, ки масъалаи марбут ба вазъи шаҳрвандони кишвар зери назорати худи раҳбарияти вазорат қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаи паҳподие, ки субҳи 10-уми август ба шаҳри Нижнекамск сурат гирифт, дар умум 13 кас ҷон бохта, наздики 80 тан маҷруҳ шудааст.Миёни кушташудагон 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон будааст.Мақомоти Тотористон рӯзи мотам эълон кард.Раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ба руасоиҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон барқияҳои таслият ирсол кард.Мақомоти Тотористон эълон карданд, ки ба оилаҳои фавтидагон 2 миллион рубл ва ба маҷрӯҳон вобаста вазъашон аз 300 то 600 ҳазор рубл кӯмакпулӣ ҷудо мешавад.Қаблан, мақомоти Русия гуфта буданд, ки ин ҳамла аз сӯйи Украина анҷом шуда, дар он зерсохтҳои саноатӣ ва маҳалҳои иқоматии Нижнекамск ҳадаф қарор гирифтаанд.Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми даҳшатафканӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
https://sputnik.tj/20260811/hamalot-ukraina-totoriston-shahrvand-tojikiston-hasht-ubekistoni-favtidand-1079593228.html
русия
украина
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амалиёти вижа, русия, украина, тотористон, захмӣ, шаҳрвандони тоҷикистон, паҳпод
дар тоҷикистон, амалиёти вижа, русия, украина, тотористон, захмӣ, шаҳрвандони тоҷикистон, паҳпод
ВУХ Тоҷикистон: дар ҳамлаи Украина ба Нижнекамск ду шаҳрванди дигари кишвар захмӣ шудаанд
Дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон 2 шаҳрванди Тоҷикистон захм бардошта, як нафари дигар ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии Украина ба шаҳри Нижнекамск ду шаҳрванди Тоҷикистон, захм бардоштанд.
Ба иттилои Вазорат ин ду шаҳрванд, ки захм бардоштанд, ҳоло дар беморхонаи шаҳри Нижнекамск қарор доранд ва ҳолаташон миёна аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ин ду муҳоҷири меҳнатии тоҷик тамоми шароит барои табобат муҳайё шудааст ва онҳо зери назорати табибон қарор доранд.
“Намояндагони консулгарӣ, Намояндагии муҳоҷират ва дигар сохторҳои давлатӣ дар онҷо ҳузур доранд ва бо табибон дар тамосанд”, - гуфт ВУХ Тоҷикистон.
Ҳамчунин вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, киҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, барои интиқол ба Ватан омода мешавад.
Вазорат қайд кард, ки ҷасадаи шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон, то рӯзи 13 август ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.
“То рӯзи ҷумъа талош мекунем ҷасадро ба шаҳри Хуҷанд расонем. Барои ин намояндагони мақомот корбарӣ доранд”, - гуфт ӯ
Қайд карда шуд, ки масъалаи марбут ба вазъи шаҳрвандони кишвар зери назорати худи раҳбарияти вазорат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаи паҳподие, ки субҳи 10-уми август ба шаҳри Нижнекамск сурат гирифт, дар умум 13 кас ҷон бохта, наздики 80 тан маҷруҳ шудааст.
Миёни кушташудагон 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Мақомоти Тотористон рӯзи мотам эълон кард.
Раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ба руасоиҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон барқияҳои таслият ирсол кард.
Мақомоти Тотористон эълон карданд, ки ба оилаҳои фавтидагон 2 миллион рубл ва ба маҷрӯҳон вобаста вазъашон аз 300 то 600 ҳазор рубл кӯмакпулӣ ҷудо мешавад.
Қаблан, мақомоти Русия гуфта буданд, ки ин ҳамла аз сӯйи Украина анҷом шуда, дар он зерсохтҳои саноатӣ ва маҳалҳои иқоматии Нижнекамск ҳадаф қарор гирифтаанд.
Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми даҳшатафканӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.