Чаро сармоягузорӣ ба соҳаи металлургия дар Тоҷикистон муфид аст - видео

Обуна шудан
Айни замон дар вилояти Суғд сохтмони корхонаи металлургии Тоҷикистон Суғд босуръат идома дорад
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони корхона дар вилояти Суғд оғози марҳилаи нав дар рушди саноати коркарди филиззот ва поягузории металлургияи миллии ҷумҳурӣ мебошад.
Роман Селнитсин, доктори илмҳои техникӣ ва дотсенти кафедраи филизоти ранга ва тиллои Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав, бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи имконоти кишвар дар истихроҷ ва коркарди металл сӯҳбат кард.
"Сармоягузорӣ ба ин соҳа дар Тоҷикистон хеле муфид аст. Агар ба сохтори содироти ҷумҳурӣ назар афканем, фавран ба ин савол ҷавоб хоҳем ёфт. Филизот, маъданҳо ва консентратҳо беш аз 50% воридоти пулии ҷумҳурӣ мебошанд", - шарҳ дод коршинос.
Селнитсин афзуд, ки фурӯши маъданҳо ва консентратҳо тақрибан 25%-и иқтидори содиротии кишварро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки сурма ва алюминий мутаносибан 20% ва 8%-ро ташкил медиҳанд.
Мақомот санаи ба кор андохтани корхонаи маъдантозакунии Адрасмонро эълон карданд
"Барои муқоиса, биёед ба бахшҳои асосии даромади Тоҷикистон назар андозем. Саноати пахта тақрибан 7%-ро ташкил медиҳад. Бахши навбатӣ, ки ба буҷаи ҷумҳурӣ низ даромад меорад, истеҳсоли меваю сабзавот аст", - таъкид кард дотсент.
Дар бораи намудҳои филизоти мавҷуда дар кишвар, рушди истихроҷ ва коркарди онҳо ва эҳтимолияти зараровар будани соҳаро ба муҳити зист аз ин видеои Sputnik Tajikistan маълумот гиред.
Лентаи хабарҳо
0