Мақомот санаи ба кор андохтани корхонаи маъдантозакунии Адрасмонро эълон карданд

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиАдрасманский горно-обогатительный комбинат.
Адрасманский горно-обогатительный комбинат. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Ба қавли раиси шаҳри Гулистон, навсозии ин корхонаи азими маъдантозакунӣ дар арафаи анҷомёбист
ДУШАНБЕ,4 авг – Sputnik. Ширкатҳои чинии “Я Син” ва “Авесто Гурӯҳи”-и тоҷикӣ нақша доранд, ки то рӯзи 9 сентябр, яъне ҷашни 35-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ, истеҳсолотро дар корхонаи маъдантозакунии Адрасмони вилояти Суғд оғоз кунанд.
Инро раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлодзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 эълон кард.
"Сухан дар бораи марҳила ба марҳила ба кор андохтани корхона меравад, аммо соҳибони нави корхона нақша доранд, ки истеҳсолотро ҳарчи зудтар афзоиш диҳанд, то аллакай имсол барои сокинони Адрасмон ва деҳаҳои наздик ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд", - шарҳ дод раиси шаҳр.
Ба қавли ӯ, тақрибан 600 нафар, аз ҷумла онҳое, ки беш аз даҳ сол дар рухсатии бемӯҳлат буданд, ҷойҳои корӣ пайдо хоҳанд кард.

Иқтидори корхона меафзояд

Пойгоҳи асосии ашёи хоми корхона конҳои ғарбӣ ва шарқии Кони Мансур дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт ҳисобида мешавад. Корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, ки дар замони шӯравӣ гузаронида шудааст, ҳаҷми бузурги маъданро дар доманакӯҳҳои Қурама тасдиқ мекунанд.
Дар таркиби маъдан миқдори баланди сурб, ки ба 36% мерасад ва нуқра, аз 2200 то 3300 грамм дар як тонна муаян шудааст. Коршиносон тахмин мезананд, ки захираҳои мавҷуда барои фаъолияти корхона дар солҳои тӯлонӣ кофӣ аст.
Адрасманский горно-обогатительный комбинат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2024
“Адрасмон” сармоягузор меҷӯяд
Намояндагони мақомоти шаҳри Гулистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки сармоягузорон корхонаро марҳила ба марҳила ба кор медароранд.
“Сараввал, иқтидори лоиҳавӣ 650 ҳазор тонна дар як сол муқаррар шуда буд. Пас аз навсозии таҷҳизот, дар назар аст, ки миқдор беш аз се маротиба афзоиш ёфта, ба 2 миллион тонна мерасад. Аммо, интизор меравад, ки истеҳсолот танҳо дар се сол ба миллион тонна мерасад: дар оғози фаъолият коркард 300 ҳазор тонна ва дар соли дуюм 500 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод”, -гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Қиссаи ғамангез ва умедҳои нав барои сокинони шаҳраки конканҳо

Шаҳраки истихроҷи маъдани Адрасмон , воқеъ дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Курамин, ки замоне шукуфон буд, пас аз фурӯпошии ИҶШС ба таназзули пурра дучор шуд.
Қатъ шудани робитаҳои иқтисодӣ байни корхонаҳо дар соли 1994 боиси коҳиши коркарди маъдан аз 517 ҳазор то 25 ҳазор тонна гардид. Баъд аз ин коҳиши якбораи даромад ба амал омад, ки нигоҳдории корхонаро ғайриимкон гардонд.
Кӯшишҳои ширкати қазоқистонии "Казинвестминерал" барои эҳёи истеҳсолот аз сабаби бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ноком шуданд. Сармоягузорон тақрибан 20 миллион доллар сармоягузорӣ карданд ва коркардро то 40% иқтидори лоиҳавӣ афзоиш доданд, аммо коҳиши нархи металлҳои ранга, бахусус нуқра, онҳоро ба муфлисшавӣ оварда расонд.
Бо маблағгузории Русия дар Суғд партовгоҳҳои радиоактивӣ руйпуш мешаванд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Бо маблағгузории Русия дар Суғд партовгоҳҳои радиоактивӣ руйпуш мешаванд – видео
Қатъи фаъолияти корхона дар соли 2013 тақрибан 700 мутахассисон ва коргаронро бекор гузошт. Сипас, мурофиаи судӣ оғоз ёфт, ки беш аз даҳ сол давом кард.

Вазъият танҳо пас аз 13 сол тағйир ёфт

"Сармоягузорони нав ҳамаи қарзҳои музди меҳнат ва андозро пӯшонида, истеҳсолотро барқарор карданд. Таҷдиди корхона, ки иваз кардани таҷҳизоти шӯравиро бо технологияи чинӣ дар бар мегирад, ба марҳилаи ниҳоии худ ворид шудааст. Нақшаҳо дар бораи сохтмони корхонаи металлургӣ ҳам вуҷуд доранд." - гуфт ба хабарнигорон Илҳом Пӯлодзода
Акнун сокинони Адрасмон, ки сатҳи зиндагии онҳо ба фаъолият дар корхонаи маъдантозакунӣ,-замоне яке аз пешсафони металлургияи рангаи ИҶШС вобаста буд, ба эҳёи шаҳраки конканҳо умед доранд.
Лентаи хабарҳо
0