Аз ивази боғот то тухм: Тоҷикистон талош дорад истеҳсоли пилларо афзоиш диҳад
10:55 10.08.2026 (Навсозишуда: 11:18 10.08.2026)

© Министерство сельского хозяйства
Обуна шудан
Ба асоси барнома ҷумҳурӣ нақша дорад, ки солона аз 700 ҳазор то 1 млн дарахти нави тут шинонад, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли пилларо ба 1,3 ҳазор тонна расонад.
Дар ҳар мавсим дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пиллапарвар ситодҳо бо мақсади дастгирии кирмакпарварон ташкил дода мешаванд, омадааст дар Барномаи рушди кирмакпарварӣ барои солҳои 2026 - 2030.
Инчунин, низоми харидории пилла аз аҳолӣ бо нархи мувофиқ такмил дода шуда, ҳавасмандии кирмакпарварон афзоиш дода мешавад, таъкид шудаст дар Барнома.

Ҳукумати кишвар дар пайи тамоюли камшавии истеҳсоли пилла талош дорад, соҳаро наҷот диҳад.
Агар дар соли 2021 истеҳсоли пилла 447,6 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 246 тонна расидааст, ки коҳишёбӣ 45%-ро ташкил медиҳад.
Агар дар соли 2021 истеҳсоли пилла 447,6 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 246 тонна расидааст, ки коҳишёбӣ 45%-ро ташкил медиҳад.
Иҷрои умумии барномаҳои рушди соҳаи кирмакпарварию коркарди пилла то ҳол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 42%-ро ташкил додааст.
Ин нишондиҳандаи кофӣ арзёбӣ намегардад, изҳор доштааст ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи таҳлили соҳа.
Ин нишондиҳандаи кофӣ арзёбӣ намегардад, изҳор доштааст ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи таҳлили соҳа.
Ба асоси барнома ҷумҳурӣ нақша дорад, ки солона аз 700 ҳазор то 1 млн дарахти нави тут шинонад, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир зимни нишасти хабарие.
Мансабдор афзуд, ки мушкилоти асосии соҳа таъмини ашёи хом, яъне барги тут аст.
Ба гуфтаи вай, қисми назарраси дарахтони тути кишвар дар давраи Шӯравӣ шинонда шуда буданд. Онҳо ҳоло аз 35 то 40 сол умр доранд, аз ин рӯ ҳаҷми баргҳое, ки барои ғизо додани кирми абрешим истифода мешаванд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Барои навсозии боғот дарахтони навъҳои нави тут оварда шуда заминҳои нав ҷудо мегардад.
Тимбқи барнома қарор аст, ки сифати тухми абрешим беҳтар ва мутахассисони ҳирфаии соҳа омода карда шаванд.
Вазир гуфт, ки имсол истеҳсоли пилла нисбат ба соли гузашта 80 тонна афзоиш ёфтааст, ки натоиҷи аввалия аст.