https://sputnik.tj/20260809/tojikiston-istehsol-ravghan-afzoish-shadidan-vobastai-voridot-1079568038.html
Тоҷикистон истеҳсоли равғанро афзоиш дод, аммо шадидан вобастаи воридот аст
Тоҷикистон истеҳсоли равғанро афзоиш дод, аммо шадидан вобастаи воридот аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба асоси додаҳо, Тоҷикистон барои пурра қонеъ кардани эҳтиёҷот аҳолӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба беш аз 150 ҳазор тонна равған ниёз дорад, ки ин камбудро аз воридот мепӯшонад
2026-08-09T16:10+0500
2026-08-09T16:10+0500
2026-08-09T16:10+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
равған
истеҳсол
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101660/92/1016609231_0:218:2867:1830_1920x0_80_0_0_a9b1cd83a1ac7f51399036a2c9fef31e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта истеҳсоли равғани растаниро ба 12 ҳазору 731,9 тонна расонидааст.Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ, ки 11 ҳазору 205,2 тонна буд, 1 ҳазору 526,7 тонна зиёд мебошад, хабар дод Агентии омор.Афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти ин навъи маҳсулот ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад, аммо ҳанӯз кофӣ нест.Ба асоси додаҳо, барои пурра қонеъ кардани эҳтиёҷот аҳолӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба беш аз 150 ҳазор тонна равған ниёз дорад, ки ин камбудро аз воридот мепӯшонад.Дар мамлакат беш аз 70 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равған фаъолият мекунанд, аммо маҳсулоти кофии дохилӣ барои истеҳсол вуҷуд надорад.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҷумҳурӣ дар шаш моҳи гузашта 63,3 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 71,4 млн доллар бо нархи миёнаи 1 127 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 ҳазор тонна ё 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст.Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ иштирокчиёни бозори воридоти равғани растанӣ 83 субъекти хоҷагидорро ташкил дода, воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Анко Инвест” (6,9%), ҶДММ “Таджеро” (6,4%), ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (5,3%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (8,4%), ҶДММ “Сафо 2013” (6,8%), КФ “Парандаи дараи Ромит” (6,4%) ва дигар субъектони хоҷагидор (59,8%) ба ҳисоб мераванд.Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 79,3% ба Қазоқистон, 14% ба Русия ва 6,7% фоизи боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.Соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт намудаанд, ки аз он зироати равғандиҳанда дар 8145 гектар замини обёришуда ва дар 17 917 гектар замини лалмӣ буд, навиштааст "Ховар" ба нақл аз Вазорати кишоварзӣ.Аз ин рӯ олимони соҳаи кишоварзӣ нақша доранд, ки минбаъд бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир то 70 фоизи аҳолиро бо равған таъмин намоянд. Ҳамзамон қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфт, ки нақша доранд бо ҷониби Русия дар бораи заминҳои иҷора барои кошти зироатҳои равғандиҳанда гуфтушкнид кунанд.
https://sputnik.tj/20260718/tojikiston-voridoti-gandumu-ord-shakar-1079046268.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101660/92/1016609231_67:0:2798:2048_1920x0_80_0_0_477ef11efd86362fe4519dd8a02266c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, равған, истеҳсол, саноат
дар тоҷикистон, иқтисод, равған, истеҳсол, саноат
Тоҷикистон истеҳсоли равғанро афзоиш дод, аммо шадидан вобастаи воридот аст
Ба асоси додаҳо, Тоҷикистон барои пурра қонеъ кардани эҳтиёҷот аҳолӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба беш аз 150 ҳазор тонна равған ниёз дорад, ки ин камбудро аз воридот мепӯшонад
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта истеҳсоли равғани растаниро ба 12 ҳазору 731,9 тонна расонидааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ, ки 11 ҳазору 205,2 тонна буд, 1 ҳазору 526,7 тонна зиёд мебошад, хабар дод Агентии омор.
Афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти ин навъи маҳсулот ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад, аммо ҳанӯз кофӣ нест.
Ба асоси додаҳо, барои пурра қонеъ кардани эҳтиёҷот аҳолӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба беш аз 150 ҳазор тонна равған ниёз дорад, ки ин камбудро аз воридот мепӯшонад.
Дар мамлакат беш аз 70 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равған фаъолият мекунанд, аммо маҳсулоти кофии дохилӣ барои истеҳсол вуҷуд надорад.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҷумҳурӣ дар шаш моҳи гузашта 63,3 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 71,4 млн доллар бо нархи миёнаи 1 127 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 ҳазор тонна ё 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ иштирокчиёни бозори воридоти равғани растанӣ 83 субъекти хоҷагидорро ташкил дода, воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Анко Инвест” (6,9%), ҶДММ “Таджеро” (6,4%), ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (5,3%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (8,4%), ҶДММ “Сафо 2013” (6,8%), КФ “Парандаи дараи Ромит” (6,4%) ва дигар субъектони хоҷагидор (59,8%) ба ҳисоб мераванд.
Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 79,3% ба Қазоқистон, 14% ба Русия ва 6,7% фоизи боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.
Соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт намудаанд, ки аз он зироати равғандиҳанда дар 8145 гектар замини обёришуда ва дар 17 917 гектар замини лалмӣ буд, навиштааст "Ховар" ба нақл аз Вазорати кишоварзӣ.
Аз ин рӯ олимони соҳаи кишоварзӣ нақша доранд, ки минбаъд бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир то 70 фоизи аҳолиро бо равған таъмин намоянд.
Ҳамзамон қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфт, ки нақша доранд бо ҷониби Русия дар бораи заминҳои иҷора барои кошти зироатҳои равғандиҳанда гуфтушкнид кунанд.