Даромади меҳмонхонаю тарабхонаҳо дар Тоҷикистон як баробар афзудааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСотрудники кафе, расположенного на территории первого фуд-молла "Депо Москва" в отреставрированном вагонном ангаре Миусского трамвайного депо на Лесной улице в Москве.
Сотрудники кафе, расположенного на территории первого фуд-молла Депо Москва в отреставрированном вагонном ангаре Миусского трамвайного депо на Лесной улице в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2026
Обуна шудан
Аз рӯи минтақаҳо, шаҳри Душанбе мавқеи пешсафро нигоҳ дошта, ҳаҷми гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар пойтахт ба 1 миллиарду 112,2 миллион сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Гардиши савдои хӯроки умумӣ, якҷо бо хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта ба 2 миллиарду 430,7 миллион сомонӣ расидааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 54,9% афзоиш ёфтааст, хабар дод Оҷонсии омори кишвар.
Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин бахш 427,6 млн сомонӣро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи июни соли қабл 66,5% зиёд мебошад.
Ҳамзамон, нисбат ба моҳи майи соли 2026 ҳаҷми гардиши хизматрасонӣ 54,9% афзоиш ёфта, тамоюли мусбати рушди соҳаро боз ҳам тақвият медиҳад.
Аз рӯи минтақаҳо, шаҳри Душанбе мавқеи пешсафро нигоҳ дошта, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар пойтахт ба 1 миллиарду 112,2 миллион сомонӣ расид.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,0 фоиз зиёд буда, тақрибан нисфи ҳаҷми умумии гардишро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Продажа мяса на продуктовом рынке Фуд Сити в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Нархи гӯшт поин меравад? Мақомот аз афзоиши истеҳсоли гӯшту саршумори чорво хабар дод
Мавқеи пойтахт бо тамаркузи бештари меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва рушди фаъоли бахши сайёҳӣ шарҳ дода мешавад.
Дар вилояти Хатлон гардиши хизматрасонӣ 724,7 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 22,6% афзоиш ёфтааст.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳаҷми гардиш ба 480,5 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш 8,4%- ро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми хизматрасонӣ ба 97,9 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар ВМКБ бошад, гардиши хизматрасонӣ 15,4 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши оҷонсӣ, ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон беш аз 51 ҳазор нафар машғули коранд.
Аз ин қариб 29 ҳазор нафарро мардон ва наздики 23 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0