https://sputnik.tj/20260809/besh-az-nisfi-omuzgoron-tojikiston-zanonand-1079563045.html
Беш аз нисфи омӯзгорони Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Беш аз нисфи омӯзгорони Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон 66%-и омӯзгорон - занон кору фаъолият мекунанд
2026-08-09T10:34+0500
2026-08-09T10:34+0500
2026-08-09T10:34+0500
маориф
дар тоҷикистон
мактаб
хонанда
таҳсилот
дабистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102779/52/1027795208_0:27:3076:1757_1920x0_80_0_0_0ccd4651d4692b7ffcafd4143727b654.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Теъдоди омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 136 ҳазору 116 (89 ҳазору 950 зан – 66%) нафарро ташкил медиҳад.Аз миёни омӯзгорон 78,2% дорои таҳсилоти олӣ, 5% дорои таҳсилоти олии нопурра, 16,5% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.Шумораи омӯзгорон дар муқоиса бо соли 2025 - 5384 омӯзгор зиёд мебошад.Дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи дабистонҳо 4056 адад:Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 - 19 муассиса зиёд мебошад.Инчунин дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои шакли нав 172 адад буда, 82 гимназия ва 90 литсей ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2025 3 муассиса зиёд мебошад.Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як синф шумораи хонандагон набояд аз 25-30 нафар зиёд бошад. Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ба ҳисоби миёна барои як муассисаи таълимӣ аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди умумии хонандагон 604 хонанда рост меояд.Инчунин муасссисаҳои ҳастанд, ки теъдоди хонадагонаш якчанд ҳазор мебошад.Ёдрас мешавем, ки дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20260801/mutobiqshavi-khonandagoni-sinfi-yakum-1079410752.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102779/52/1027795208_127:0:2858:2048_1920x0_80_0_0_0cb175f928129183be6b6df1688ede70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, мактаб, хонанда, таҳсилот, дабистон
маориф, дар тоҷикистон, мактаб, хонанда, таҳсилот, дабистон
Беш аз нисфи омӯзгорони Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон 66%-и омӯзгорон - занон кору фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Теъдоди омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 136 ҳазору 116 (89 ҳазору 950 зан – 66%) нафарро ташкил медиҳад.
Аз миёни омӯзгорон 78,2% дорои таҳсилоти олӣ, 5% дорои таҳсилоти олии нопурра, 16,5% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Шумораи омӯзгорон дар муқоиса бо соли 2025 - 5384 омӯзгор зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи дабистонҳо 4056 адад:
муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 272 адад,
муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 308
муассисаи миёнаи умумӣ 3476 ададро ташкил медиҳад.
Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 - 19 муассиса зиёд мебошад.
Инчунин дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои шакли нав 172 адад буда, 82 гимназия ва 90 литсей ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2025 3 муассиса зиёд мебошад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як синф шумораи хонандагон набояд аз 25-30 нафар зиёд бошад.
Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ба ҳисоби миёна барои як муассисаи таълимӣ аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди умумии хонандагон 604 хонанда рост меояд.
Инчунин муасссисаҳои ҳастанд, ки теъдоди хонадагонаш якчанд ҳазор мебошад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд.