https://sputnik.tj/20260801/mutobiqshavi-khonandagoni-sinfi-yakum-1079410752.html
Давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум кай оғоз мешавад
Давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум кай оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои соли таҳсил барои кӯдакони синфи якум барвақттар оғоз мегардад
2026-08-01T18:36+0500
2026-08-01T18:36+0500
2026-08-01T20:36+0500
маориф
дар тоҷикистон
ба хонандагони синфи як ёрдам медиҳанд
давраи омӯзиш
мактаб
дабистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156609_0:107:1280:827_1920x0_80_0_0_2c610109cb69ac00278d0b1c904c0666.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар макотиби Тоҷикистон аз 18 то 29 август давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад.Дар ин бора, маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.Давраи мутобиқшавӣ дар асоси фармоиши вазири маориф бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат доир мешавад.Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ин раванд дар аввал бо мақсади мутобиқшавии физиологӣ гузаронида мешавад, менависад АМИТ "Ховар".Яъне кӯдак бояд ба реҷаи нави рӯз (барвақт хестан, сари вақт хӯрок хӯрдан) одат кунад. Зеро дар оғози таҳсил хонандагони синфи якум тез хаста мешаванд.Таъкид гардид, ки давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум мутобиқшавии иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро кӯдак бо ҳамсинфони нав шинос мешавад, дӯстон пайдо мекунад ва мавқеи худро дар ҷамъият меёбад. Дар ин давра ба хонанда услуби таълим ва талаботи омӯзгор омӯзонида мешавад.10 рӯзи таълимӣ имкон медиҳад, ки кӯдакони 7-сола пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба фазои мактабӣ одат кунанд ва бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва тартибу қоидаҳои муассиса шинос шаванд.Ёдрас мешавем, ки дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20260728/tojikiston-kudak-sinfi-yakum-meravad-1079278774.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156609_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1914c88d600354930f08f5713f66dca8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, ба хонандагони синфи як ёрдам медиҳанд, давраи омӯзиш, мактаб, дабистон
маориф, дар тоҷикистон, ба хонандагони синфи як ёрдам медиҳанд, давраи омӯзиш, мактаб, дабистон
Давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум кай оғоз мешавад
18:36 01.08.2026 (Навсозишуда: 20:36 01.08.2026) Дар Тоҷикистон барои соли таҳсил барои кӯдакони синфи якум барвақттар оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар макотиби Тоҷикистон аз 18 то 29 август давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад.
Дар ин бора, маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Давраи мутобиқшавӣ дар асоси фармоиши вазири маориф бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат доир мешавад.
Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ин раванд дар аввал бо мақсади мутобиқшавии физиологӣ гузаронида мешавад, менависад АМИТ "Ховар".
Яъне кӯдак бояд ба реҷаи нави рӯз (барвақт хестан, сари вақт хӯрок хӯрдан) одат кунад. Зеро дар оғози таҳсил хонандагони синфи якум тез хаста мешаванд.
Таъкид гардид, ки давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум мутобиқшавии иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро кӯдак бо ҳамсинфони нав шинос мешавад, дӯстон пайдо мекунад ва мавқеи худро дар ҷамъият меёбад. Дар ин давра ба хонанда услуби таълим ва талаботи омӯзгор омӯзонида мешавад.
10 рӯзи таълимӣ имкон медиҳад, ки кӯдакони 7-сола пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба фазои мактабӣ одат кунанд ва бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва тартибу қоидаҳои муассиса шинос шаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд.