Тоҷикистону Қатар таъсиси маркази касбомӯзи ва омӯзиши забони арабиро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаФлаги Катара и Таджикистана
Флаги Катара и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо Қатар маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 8 авг - Sputnik. Масъалаи таъсис ва ташкили фаъолияти Маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар дидори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар баррасӣ шуд.
Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, ки таъсиси ин марказ барои ҳар ду давлат аҳамияти стратегӣ дорад.
“Он барои ба сатҳи нав баровардани низоми омодасозии шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард”, - таъкид кардааст вазорати меҳнат.
Марказ имконият фароҳам меорад, ки омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Давлати Қатар, омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси шаҳрвандон, инчунин мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври самаранок таъмин гардад.
Встреча первого заместителя министра образования и науки Таджикистана Хомида Хошимзоды и представителя Министерства образования и высшего образования Катара Хориба Мухаммада Саида Аль-Джабри.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Тоҷикистону Қатар афзоиши грантҳои таҳсилотиро баррасӣ карданд
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд барои татбиқи босамари ин лоиҳа ва таҳкими шарикии ду давлат дар самти рушди захираҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Қатар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла афзоиши шумораи грантҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони кишварро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0