Тоҷикистону Қатар афзоиши грантҳои таҳсилотиро баррасӣ карданд

© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанВстреча первого заместителя министра образования и науки Таджикистана Хомида Хошимзоды и представителя Министерства образования и высшего образования Катара Хориба Мухаммада Саида Аль-Джабри.
Встреча первого заместителя министра образования и науки Таджикистана Хомида Хошимзоды и представителя Министерства образования и высшего образования Катара Хориба Мухаммада Саида Аль-Джабри.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Обуна шудан
Давлати Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳоро дар бахши омӯзишу парвариш густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Қатар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла афзоиши шумораи грантҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони кишварро баррасӣ карданд.
Афзоиши шумори грантҳои таҳсилотӣ дар мулоқоти Ҳомид Ҳошимзода, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҳориб Муҳаммад Саид Ал-Ҷабрӣ, намояндаи Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Қатар, баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи вазорат, ҷонибҳо таъкид карданд, ки созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, ки моҳи феврали соли 2017 ба имзо расидааст, барои табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи таҳқиқоти муштараки илмӣ, иштирок дар конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ, омӯзиши технологияҳои муосири таълимӣ ва мубодилаи маводи илмию таълимӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Мақомдори тоҷик дар ин мулоқт аз ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ аз ҷониби Давлати Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Вай аз зиёд намудани шумораи чунин бурсияҳоро аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, иқтисод ва дигар самтҳои барои иқтисоди миллӣ афзалиятнок муҳим арзёбӣ кард.
Эмомали Рахмон принял шейха Катара Файсала ибн Касима аль Тани.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2026
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро тақвият медиҳанд
Ҳамчунин дар ин дидор мақомдори тоҷик таъкид кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, метавонанд масъалаи қабули донишҷӯёни қатариро аз рӯйи ихтисосҳои мувофиқ баррасӣ намоянд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо пешниҳоди таъсиси Маркази омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ дар шаҳри Душанбе, рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди "Маориф аз ҳама боло"-ро ҷиҳати бунёд ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намудланд.
Зимни мулоқоттарафҳо омодагии худро барои татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда, роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва илм изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0