Масирҳои дур: Маълум шуд ҳавопаймои нави “Сомон эйр” дар кадом масирҳо парвоз мекунад

Новый самолет Boeing-737-8MAXX компании Сомон Эйр  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки соҳаи авиатсияи кишвар рӯз аз рӯз рушд ёфта истодааст
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” эълон кардааст, ки ҳавопаймои нав, ки аз ширкати Боинг харидааст, мусофиронро ба шаҳрҳои Сеул, Пекин, Минск ва Лондон мерасонад
Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Агентӣ таъкид кардааст, ки Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар боз як ҳавопаймои навъи Бойнг-737-8MAX харидорӣ кардааст.
Қайд карда шудааст, ки ширкат имкониятҳои навро барои боз ҳам зиёд намудани ҷуғрофияи парвозҳо фароҳам сохтааст.
“Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳавопаймои Бойнг-737-8MAX дар хатсайрҳои ҷорӣ парвозҳоро анҷом дода, зимнан дар масири Душанбе-Сеул, Душанбе-Пекин, Душанбе-Минск ва Душанбе-Лондон хатсайрҳои навро ба нақша гирифта, инчунин дар дигар самтҳо низ парвозҳоро анҷом хоҳад дод”, - иттилоъ додааст Агентӣ.
Самолет авиакомпании Сомон Эйр. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад
Агентӣ хабар додааст, ки ширкат дар охири моҳи августи соли равон боз як ҳавопаймои навъи Бойнг-737-8MAX ба парки ҳавопаймоҳои худ ворид хоҳад кард.
Агентӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳамкориро бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва маъмуриятҳои авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздик дар доираи талабот ба роҳ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0