https://sputnik.tj/20260807/shumorai-muhojironi-kori-osiyoi-markazi-rusiya-kohish-1079521616.html
Шумораи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия коҳиш ёфтааст
Шумораи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вориди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Русия дар соли 2026 коҳиш ёфт
2026-08-07T10:41+0500
2026-08-07T10:41+0500
2026-08-07T10:41+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
коҳиш
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_0:53:3031:1758_1920x0_80_0_0_23e8b0618e87937e3b254e0a01434099.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2026 494,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% камтар аст.Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" дар истинод ба маълумоти нашршудаи хадамоти марзбонии Русия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ вуруди муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия 15% коҳиш ёфт.Ба таври анъанавӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин се кишвар ба Русия ворид мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли 2025, ба русия беш аз 2,3 миллион муҳоҷири меҳнатӣ барои "кор" ворид шуда буд, аммо дар шаш моҳи аввали соли равон ин рақам тақрибан ба 1,9 миллион расид, ки аз коҳишёбӣ шаҳодат медиҳад.Бештар аз ҳама дар ин давра ба Русия муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ворид шудаанд. Дар ин давра вуруди беш аз 1,1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз ин кишвар ба Русия ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,2% камтар аст.Муҳоҷирони Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор доранд ба Русия дар ин давра 494,5 ҳазор (17,9% коҳиш) ворид шудааст. Дар ҷойи севум 289,1 ҳазор муҳоҷир Қирғизистон ҷой гирифтааст, ки коҳиши 16,7 дарсадӣ нишон додааст.Қобили зикр аст, ки Русия барои фарзандони муҳоҷироне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, қоидаҳои нав ҷорӣ кардааст.Акнун, ноболиғоне, ки дар Русия бо иҷозатномаи кории волидайн зиндагӣ мекунанд, бояд дар давоми 30 рӯз пас аз расидан ба синни 18-солагӣ кишварро тарк кунанд ё мустақилона иҷозатномаи кории худро гиранд ва пешпардохти муқарраршудаи андози даромади шахсиро пардохт кунанд.Қонун аз 1 январи соли 2027 эътибор пайдо мекунад. То он вақт давраи гузариш амал мекунад.
https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_b8fe93dd47a4f93f74cf2346b1e24f63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, муҳоҷират, коҳиш, муҳоҷирони корӣ
дар тоҷикистон, русия, муҳоҷират, коҳиш, муҳоҷирони корӣ
Шумораи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия коҳиш ёфтааст
Вориди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Русия дар соли 2026 коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2026 494,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% камтар аст.
Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" дар истинод ба маълумоти нашршудаи хадамоти марзбонии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ вуруди муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия 15% коҳиш ёфт.
Ба таври анъанавӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин се кишвар ба Русия ворид мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли 2025, ба русия беш аз 2,3 миллион муҳоҷири меҳнатӣ барои "кор" ворид шуда буд, аммо дар шаш моҳи аввали соли равон ин рақам тақрибан ба 1,9 миллион расид, ки аз коҳишёбӣ шаҳодат медиҳад.
Бештар аз ҳама дар ин давра ба Русия муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ворид шудаанд. Дар ин давра вуруди беш аз 1,1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз ин кишвар ба Русия ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,2% камтар аст.
Муҳоҷирони Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор доранд ба Русия дар ин давра 494,5 ҳазор (17,9% коҳиш) ворид шудааст. Дар ҷойи севум 289,1 ҳазор муҳоҷир Қирғизистон ҷой гирифтааст, ки коҳиши 16,7 дарсадӣ нишон додааст.
Қобили зикр аст, ки Русия барои фарзандони муҳоҷироне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, қоидаҳои нав ҷорӣ кардааст.
Акнун, ноболиғоне, ки дар Русия бо иҷозатномаи кории волидайн зиндагӣ мекунанд, бояд дар давоми 30 рӯз пас аз расидан ба синни 18-солагӣ кишварро тарк кунанд ё мустақилона иҷозатномаи кории худро гиранд ва пешпардохти муқарраршудаи андози даромади шахсиро пардохт кунанд.
Қонун аз 1 январи соли 2027 эътибор пайдо мекунад. То он вақт давраи гузариш амал мекунад.