Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский пас аз зарбаҳои Русия як талаби беҳаёона кард

© REUTERS /Thomas PeterПожарные в логистическом центре украинского онлайн-ритейлера "Розетка" после ракетного удара по Киеву 5 августа 2026 года.
Пожарные в логистическом центре украинского онлайн-ритейлера Розетка после ракетного удара по Киеву 5 августа 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Обуна шудан
Раҳбари режими Киев пас аз зарбаҳои русиягӣ боз аз Ғарб таҳримҳои нав талаб кард
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Владимир Зеленский пас аз зарбаҳои бузурги Русия ба Киев талаб кард, ки кишварҳои ғарбӣ, ки намехоҳанд ба Украина системаҳои дифоъи ҳавоӣ диҳанд, бояд таҳримҳои нави зидди Русияро таҳия кунанд.
"Шарикон, ки намехоҳанд дар расонидани мушакҳои боздоранда кумаки фаъолтар расонанд, метавонанд ба таҳияи таҳримҳои нав кумак кунанд", - навишт ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
1 август Зеленский инчунин Ғарбро барои он, ки сарфи назар аз доштани мушакҳои “Patriot”, дастрас накардааст, танқид кард. Вай изҳор дошт, ки кишварҳои ИМА ва Аврупо медонанд, ки Украина ба чӣ лавозимоти ҷангӣ ниёз дорад, аммо барои интиқоли онҳо "қарори сиёсӣ лозим аст".
Рӯзи чоршанбе Вазорати дифоъ хабар дод, ки артиши Русия шабона ба марказҳои нигаҳдории лавозимоти низомӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Киев ҳамлаи бузурге анҷом додааст.
Последствия удара по Киеву 5 августа 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Як мушак мондааст": Олмон аз фоҷеаи артиши Украина хабар дод
Бар хилофи артиши Украина, нерӯҳои Русия танҳо инфрасохтори низомӣ ва иншооти саноати дифоъии душманро ҳадаф қарор медиҳанд.
Ҳангоми анҷом додани ҳамлаҳо, ҷангиён аз силоҳҳои дақиқ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мебаранд, ки қодиранд ҳама гуна ҳадафро ҳам дар Киев ва ҳам дар тамоми қаламрави Украина нобуд кунанд.
Лентаи хабарҳо
0