https://sputnik.tj/20260806/markazi-millii-testi-dovtalabon-ikhtisos-1079516171.html
Маркази миллии тестӣ гуфт довталабон бештар ба кадом ихтисосҳо майл доранд
Маркази миллии тестӣ гуфт довталабон бештар ба кадом ихтисосҳо майл доранд
Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестии Тоҷикистон гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
2026-08-06T18:21+0500
2026-08-06T18:21+0500
2026-08-06T18:21+0500
дар тоҷикистон
довталаб
донишҷӯ
донишгоҳ
таҳсил
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/15/1066318067_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4d1c4c422767cbd8c8b34dc9023cd8e3.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои давраи дуюм довталабон бештар кластери 3 (филология, педагогика, санъат)- 1974 нафар ва кластери 5 (тиб, биология, варзиш) — 1950 нафарро интихоб намудаанд.Дар ин хусус ахиран зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон хабар дод.Иттилоъ дода шуд, ки дар байни довталабон бо заминаи синфи 9-ум низ гурӯҳи 5-ум (тиб, биология, варзиш) бо 1610 нафар пешсаф гардид.Муовини якуми директори марказ Абдулбосит Шодиниё дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро довталабон бештар интихоб намудаанд."Озмуни баландтарин дар ин комбинатсияи ихтисосҳо барои як ҷой 828 нафарро ташкил медиҳад. Дар доираи ин комбинатсияи ихтисосҳо озмуни пасттарин барои як ҷой 260 нафар аст", — гуфт Абдулбосит Шодиниё.Таъкид шуд, ки имсол шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта 32% афзоиш ёфтааст.Дар ду давраи бақайдгирӣ дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 нафар будаанд, ки 115,1% нақшаи қабулро ташкил медиҳад.Инчунин дар заминаи синфи 9-ум 25 ҳазору 131 нафар мебошанд, ки ба 112% нақшаи қабул баробар аст.Барои дастрасии бештар 49 нуқтаи доимӣ ва нуқтаҳои сайёр бо 198 истгоҳи корӣ фаъолият намуданд.
https://sputnik.tj/20260806/donishju-tojikiston-ziyod-meshavad-markazi-milllii-testi-1079488735.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/15/1066318067_293:0:1253:720_1920x0_80_0_0_8a19dc323bb15ad6cd10fbdd15c379cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, довталаб, донишҷӯ, донишгоҳ, таҳсил, маориф
дар тоҷикистон, довталаб, донишҷӯ, донишгоҳ, таҳсил, маориф
Маркази миллии тестӣ гуфт довталабон бештар ба кадом ихтисосҳо майл доранд
Маркази миллии тестии Тоҷикистон гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои давраи дуюм довталабон бештар кластери 3 (филология, педагогика, санъат)- 1974 нафар ва кластери 5 (тиб, биология, варзиш) — 1950 нафарро интихоб намудаанд.
Дар ин хусус ахиран зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар байни довталабон бо заминаи синфи 9-ум низ гурӯҳи 5-ум (тиб, биология, варзиш) бо 1610 нафар пешсаф гардид.
Муовини якуми директори марказ Абдулбосит Шодиниё дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро довталабон бештар интихоб намудаанд.
"Озмуни баландтарин дар ин комбинатсияи ихтисосҳо барои як ҷой 828 нафарро ташкил медиҳад. Дар доираи ин комбинатсияи ихтисосҳо озмуни пасттарин барои як ҷой 260 нафар аст", — гуфт Абдулбосит Шодиниё.
Таъкид шуд, ки имсол шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта 32% афзоиш ёфтааст.
Дар ду давраи бақайдгирӣ дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 нафар будаанд, ки 115,1% нақшаи қабулро ташкил медиҳад.
Инчунин дар заминаи синфи 9-ум 25 ҳазору 131 нафар мебошанд, ки ба 112% нақшаи қабул баробар аст.
Барои дастрасии бештар 49 нуқтаи доимӣ ва нуқтаҳои сайёр бо 198 истгоҳи корӣ фаъолият намуданд.