Донишҷӯ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Маркази миллии тестӣ сабабашро гуфт

© SputnikДень открытых дверей в РТСУ. Архивное фото
День открытых дверей в РТСУ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Соли 2026 нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,7% зиёд аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай барои коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум низ нақша 4719 ҷой ё 26,6% афзуд.
Ба иттилои директори марказ, дар давраи якум (асосӣ), ки аз 2 март то 30 апрел идома ёфт, 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.
Дар заминаи синфи 9 беш аз 22,6 ҳазор довталаб номнавис шуданд, ки нисбат ба соли 2025 2908 нафар ё 14,7%зиёд буда, 100% нақшаи қабулро ташкил дод.
"Дар давраи дуюми бақайдгирӣ- аз 10 то 30 июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шуданд.
Первый тур централизованных вступительных экзаменов в средние профессиональные и высшие учебные заведения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Имсол дар Тоҷикистон наздик ба 73 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Аз ҳама бештар гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм – филология, педагогика ва санъат (1974 нафар) ва 5-ум — тиб, биология ва варзиш (1950 нафар) интихоб гардиданд.
Дар заминаи синфи 9-ум 2526 довталаб номнавис шуданд, ки 1610 нафари онҳо гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихоб карданд.
Дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 довталаб ба қайд гирифта шуданд, ки 31 ҳазору 335 нафар бештар аз соли 2025 мебошанд.
Ин шумора 115,1% нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи умумӣ 25 ҳазору 131 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 3348 нафар афзуд, ки ба 112%нақшаи қабул баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0