Имсол дар Тоҷикистон наздик ба 73 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд

© SputnikПервый тур централизованных вступительных экзаменов в средние профессиональные и высшие учебные заведения
Первый тур централизованных вступительных экзаменов в средние профессиональные и высшие учебные заведения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Маркази миллии тестии Тоҷикистон натиҷаҳои тақсимоти довталабонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон натиҷаҳои тақсимоти довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои ду даври имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии соли 2026 эълон кард.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, дар маҷмӯъ 72 ҳазору 917 довталаб ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул шудаанд.
Аз ин шумора 14 ҳазору 410 нафар ба коллеҷҳо дар заминаи синфи 9 қабул гардидаанд.
Нишондиҳандаи қабул ба коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум 62,7%, дар заминаи синфи 11-ум 41,3% ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 78,7%-ро ташкил додааст.
Ин Марказ қайд кардааст, ки аксари муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нақшаи қабулро пурра иҷро накардаанд.
Аз ҷумла, Филиали Коллеҷи тиббии инноватсионии ноҳияи Панҷ дар ноҳияи Нуробод ва Коллеҷи иқтисодӣ-техникии шаҳри Кӯлоб ягон довталаб қабул накардаанд.
Ҳамчунин, нишондиҳандаи қабул дар панҷ муассисаи дигар низ хеле паст арзёбӣ шудааст.
1 сентября в школе им.Менделеева в Турсунзаде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2026
Маълум шуд дар Тоҷикистон имсол чӣ қадар кӯдак ба синфи якум меравад
Ба иттилои Марказ дар баробари ин, дар нӯҳ муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нақшаи қабул беш аз 100% иҷро шудааст.
Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, инчунин як қатор коллеҷҳои тиббӣ нақшаи қабулро пурра иҷро кардаанд.
Пас аз тақсимоти асосӣ дар коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум 8552 ҷой, дар заминаи синфи 11-ум 20 ҳазору 130 ҷой ва дар донишгоҳу донишкадаҳо 15 ҳазору 886 ҷойи холӣ боқӣ мондааст.
Маркази миллии тестӣ эълон кардааст, ки аз 11 то 13 август азнавбақайдгирии довталабоне баргузор мешавад, ки дар тақсимоти асосӣ комёб нашудаанд ва мехоҳанд дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок кунанд.
Лентаи хабарҳо
0