https://sputnik.tj/20260805/zimiston-nazdik-suporishi-rahmon-omodasozi-bakhshi-naqliyot-sarmo-1079460875.html
Зимистон наздик аст: Супориши Раҳмон дар бораи омодасозии бахши нақлиёт ба мавсими сармо
Зимистон наздик аст: Супориши Раҳмон дар бораи омодасозии бахши нақлиёт ба мавсими сармо
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки омодагӣ ба зимистон аз ҳоло хеле муҳим аст, ҳатто агар дар берун ҳаво ҳанӯз гарм ҳам бошад
2026-08-05T12:41+0500
2026-08-05T12:41+0500
2026-08-05T12:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ситод
зимистон
мавсим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077658000_0:43:3436:1976_1920x0_80_0_0_56e2b42d30707f0818f15ca56851d2e8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёт эълон кард, ки барои саривақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 нақшаи корҳоро қабул ва ирои он оғоз шудааст.Ҳамчунин вазорат қайд кард, ки Ситоди фаврӣ таҳти сарварии муовини аввали Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъсис дода шудааст.Вазоарти нақлиёт иттилоъ додааст, ки айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар 2957 корхонаи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2579 субъекти хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, 241 хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд.То 1 январи соли ҷорӣ 800 926 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. 94,6% борҳо ва 99,8% мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.Ин ниҳоди давлатӣ ёдовар шудааст, ки ҳанӯз 28 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати ҶТ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.Таъкид шудааст, ки сарвари давлат ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки Нақшаи тадбирҳоро тасдиқ намуда, барои омодасозии кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони оянда Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис диҳад.Раисҷумҳур масъулинро вазифадор карда буд, ки то 20-уми ҳар моҳ дар бораи омодасозии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба мавсими хунукӣ ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намоянд..
https://sputnik.tj/20260801/tojikiston-eron-afghoniston-hamlu-naqli-doloni-naqliyoti-1079393299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077658000_601:0:3332:2048_1920x0_80_0_0_409598b7b5954e307ab9efa0fd39031d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, ситод, зимистон, мавсим
дар тоҷикистон, нақлиёт, ситод, зимистон, мавсим
Зимистон наздик аст: Супориши Раҳмон дар бораи омодасозии бахши нақлиёт ба мавсими сармо
Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки омодагӣ ба зимистон аз ҳоло хеле муҳим аст, ҳатто агар дар берун ҳаво ҳанӯз гарм ҳам бошад
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёт эълон кард, ки барои саривақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 нақшаи корҳоро қабул ва ирои он оғоз шудааст.
“Масъулини соҳа муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи бандҳои Нақшаи мазкурро таъмин намоянд”, - қайд кард вазорат.
Ҳамчунин вазорат қайд кард, ки Ситоди фаврӣ таҳти сарварии муовини аввали Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъсис дода шудааст.
Вазоарти нақлиёт иттилоъ додааст, ки айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар 2957 корхонаи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2579 субъекти хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, 241 хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд.
То 1 январи соли ҷорӣ 800 926 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. 94,6% борҳо ва 99,8% мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.
Ин ниҳоди давлатӣ ёдовар шудааст, ки ҳанӯз 28 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати ҶТ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки сарвари давлат ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки Нақшаи тадбирҳоро тасдиқ намуда, барои омодасозии кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони оянда Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис диҳад.
Раисҷумҳур масъулинро вазифадор карда буд, ки то 20-уми ҳар моҳ дар бораи омодасозии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба мавсими хунукӣ ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намоянд.