https://sputnik.tj/20260801/tojikiston-eron-afghoniston-hamlu-naqli-doloni-naqliyoti-1079393299.html
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳамлу нақли бор долони нави нақлиётӣ ташкил карданд
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳамлу нақли бор долони нави нақлиётӣ ташкил карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати нахустини озмоишии мошинҳо дар долони нави нақлиёти миёни се кишвари форсизабон давоми як моҳ ба нақша гирифта шудааст
2026-08-01T13:41+0500
2026-08-01T13:41+0500
2026-08-01T16:32+0500
эрон
дар тоҷикистон
афғонистон
нақлиёт
ҳамлу нақли бор
боркашонӣ
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070436101_0:108:2048:1260_1920x0_80_0_0_2a06fda04b8d9ed02dbd29003c31fadf.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Тоҷикистону Эрону Афғонистон барои ҳамлу нақли бор долони нави нақлиётӣ ташкил кардандҲаракати нахустини озмоишии мошинҳо дар долони нави нақлиёти миёни се кишвари форсизабон давоми як моҳ ба нақша гирифта шудаастБа иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар ин бора қаблан дар мулоқотҳои Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони вазоратҳои нақлиёти Эрон ва Афғонистон созиш ҳосил шудааст.Вазоарт қайд кардааст, ки ҷонибҳо дар гуфтугӯҳо ба мувофиқа расида буданд, ки амалӣ шудани ин иқдом вобаста ба ҳамлу нақл ба манфиати иқтисодии кишварҳо мебошад.Вазорат таъкид кардааст, намояндагони се кишвар дар Эрон дар бораи таъсиси долони нақлиётии автомобилӣ Протоколи дахлдори сеҷонибаро ба имзо расонданд.Қайд карда шудааст, ки долони нав имкон медиҳад, ки борҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон тавассути Афғонистон интиқол дода шаванд.Таъкид шудааст, ки барои татбиқи лоиҳа Гурӯҳи кории доимии сеҷониба таъсис ёфт.“Гуруҳ ба рафъи монеаҳои эҳтимолӣ, назорати иҷрои созишномаҳо ва омода кардани пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи хатсайр машғул хоҳад шуд”, - қайд кардааст вазорат.Илова бар ин, кишварҳо ният доранд, ки зерсохтори сарҳадро беҳтар кунанд, вақти интизории мошинҳои боркашро дар марзҳо коҳиш диҳанд, ҳуҷҷатҳои ронандагонро содда кунанд ва низоми суғуртаи нақлиётро рушд бахшанд.Дар оянда долони автомобилӣ метавонад то ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин васеъ карда шавад.Мулоқоти навбатии намояндагони се кишвар дар охири моҳи октябр — аввали ноябри соли 2026 дар Кобул баргузор мешавад, ки дар он натиҷаҳои татбиқи қарори ҳосилшуда муҳокима карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260717/tojikiston-eron-afghoniston-tranzit-hamlu-naqli-bor-sozishnoma-imzo-1079025206.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070436101_113:0:1936:1367_1920x0_80_0_0_d2721ff1720bc022468cfb76012c4077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, афғонистон, нақлиёт, ҳамлу нақли бор, боркашонӣ, вазорати нақлиёт
эрон, дар тоҷикистон, афғонистон, нақлиёт, ҳамлу нақли бор, боркашонӣ, вазорати нақлиёт
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳамлу нақли бор долони нави нақлиётӣ ташкил карданд
13:41 01.08.2026 (Навсозишуда: 16:32 01.08.2026) Ҳаракати нахустини озмоишии мошинҳо дар долони нави нақлиёти миёни се кишвари форсизабон давоми як моҳ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Тоҷикистону Эрону Афғонистон барои ҳамлу нақли бор долони нави нақлиётӣ ташкил карданд
Ҳаракати нахустини озмоишии мошинҳо дар долони нави нақлиёти миёни се кишвари форсизабон давоми як моҳ ба нақша гирифта шудааст
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар ин бора қаблан дар мулоқотҳои Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони вазоратҳои нақлиёти Эрон ва Афғонистон созиш ҳосил шудааст.
Вазоарт қайд кардааст, ки ҷонибҳо дар гуфтугӯҳо ба мувофиқа расида буданд, ки амалӣ шудани ин иқдом вобаста ба ҳамлу нақл ба манфиати иқтисодии кишварҳо мебошад.
Вазорат таъкид кардааст, намояндагони се кишвар дар Эрон дар бораи таъсиси долони нақлиётии автомобилӣ Протоколи дахлдори сеҷонибаро ба имзо расонданд.
Қайд карда шудааст, ки долони нав имкон медиҳад, ки борҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон тавассути Афғонистон интиқол дода шаванд.
“Нахустин ҳаракати озмоишии мошинҳои боркаш тавассути долони нав дар давоми як моҳ ба нақша гирифта шудааст — он ба санҷиши фаъолияти расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ, инчунин ҳамкории хадамоти нақлиётии се кишвар кӯмак хоҳад кард”, - хабар додааст вазорати нақлиёт.
Таъкид шудааст, ки барои татбиқи лоиҳа Гурӯҳи кории доимии сеҷониба таъсис ёфт.
“Гуруҳ ба рафъи монеаҳои эҳтимолӣ, назорати иҷрои созишномаҳо ва омода кардани пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи хатсайр машғул хоҳад шуд”, - қайд кардааст вазорат.
Илова бар ин, кишварҳо ният доранд, ки зерсохтори сарҳадро беҳтар кунанд, вақти интизории мошинҳои боркашро дар марзҳо коҳиш диҳанд, ҳуҷҷатҳои ронандагонро содда кунанд ва низоми суғуртаи нақлиётро рушд бахшанд.
Дар оянда долони автомобилӣ метавонад то ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин васеъ карда шавад.
Мулоқоти навбатии намояндагони се кишвар дар охири моҳи октябр — аввали ноябри соли 2026 дар Кобул баргузор мешавад, ки дар он натиҷаҳои татбиқи қарори ҳосилшуда муҳокима карда мешаванд.