https://sputnik.tj/20260805/tojikiston-turkiya-gustarishi-hamkoriho-sarmoyaguzori-1079476992.html
Тоҷикистон ва Туркия ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ манфиатдоранд
Тоҷикистон ва Туркия ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ манфиатдоранд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Туркия дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд
2026-08-05T14:41+0500
2026-08-05T14:41+0500
2026-08-05T14:41+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_0:315:3080:2048_1920x0_80_0_0_e3fe526979cc4e816ce90c4ff6939ed0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, бо Русен Четин, раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия, дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот кард, дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ шуд.Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои мустақим байни ҷомеаҳои тиҷоратии ду кишварро баррасӣ карданд.Вазир қайд кард, ки ба шарофати сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мунтазам рушд доранд.Дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон дар бораи имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ маълумот дод.Таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир зоҳир карда шуд.Пас аз музокирот, ҷонибҳо манфиатдории худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тасдиқ карданд.Ёдовар мешавем, ки Туркия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳиссаи намоёнро дар содироти кишвар (7,7% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2026) ташкил медиҳад.Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия тақрибан 609 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ каме (тақрибан 1,7%) коҳиш ёфт, ки ба он омилҳо ба монанди ворид шудани низоми раводид таъсир расониданд.Содироти Туркия ба Тоҷикистон 416,5 миллион доллар (афзоиш 11% нисбат ба соли 2024)-ро ташкил медиҳад.Воридоти Туркия аз Тоҷикистон бошад 193,3 миллион доллар (коҳиш 21%)-ро ташкил медиҳад.Тоҷикистон аз Туркия таҷҳизоти саноатӣ ва котёлҳо, маснуоти заргарӣ, маводи гигиенӣ ва таҷҳизоти барқӣ ворид мекунад.Туркия бошад аз Тоҷикистон алюминийи хом, антимон, пахтаи маҳсулоти хом ва дигар маснуоти маъданӣ ворид мекунад.
https://sputnik.tj/20260616/tojikiston-bandarho-eron-turkiya-pokiston-dastrasi-1078325956.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_235:0:2966:2048_1920x0_80_0_0_88f46023cbe5de63b86e18cc4a560e36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
Тоҷикистон ва Туркия ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ манфиатдоранд
Тоҷикистону Туркия дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, бо Русен Четин, раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия, дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот кард, дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои мустақим байни ҷомеаҳои тиҷоратии ду кишварро баррасӣ карданд.
Вазир қайд кард, ки ба шарофати сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мунтазам рушд доранд.
Дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон дар бораи имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир зоҳир карда шуд.
Пас аз музокирот, ҷонибҳо манфиатдории худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тасдиқ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Туркия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳиссаи намоёнро дар содироти кишвар (7,7% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2026) ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия тақрибан 609 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ каме (тақрибан 1,7%) коҳиш ёфт, ки ба он омилҳо ба монанди ворид шудани низоми раводид таъсир расониданд.
Содироти Туркия ба Тоҷикистон 416,5 миллион доллар (афзоиш 11% нисбат ба соли 2024)-ро ташкил медиҳад.
Воридоти Туркия аз Тоҷикистон бошад 193,3 миллион доллар (коҳиш 21%)-ро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон аз Туркия таҷҳизоти саноатӣ ва котёлҳо, маснуоти заргарӣ, маводи гигиенӣ ва таҷҳизоти барқӣ ворид мекунад.
Туркия бошад аз Тоҷикистон алюминийи хом, антимон, пахтаи маҳсулоти хом ва дигар маснуоти маъданӣ ворид мекунад.