Тоҷикистон талош дорад ба бандарҳои Эрон Туркия ва Покистон дастрасӣ пайдо кунад

© AP / Emrah GurelГрузовое судно в проливе Босфор.
Грузовое судно в проливе Босфор.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки Тоҷикистон барои рушди долонҳои алтернативии нақлиётӣ фаъолона кор дорад
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ахиран таъкид кард, ки Тоҷикистон барои рушди долонҳои алтернативии нақлиётӣ, ки Чин ва Аврупоро тавассути Осиёи Марказӣ ба ҳам мепайванданд, фаъолона кор мекунад.
Вай дар ин бора дар дар Ҷаласаи 23-юми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба нақлиёт (КҲН) - и Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ; CAREC) баён дошт.
“Долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии "Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" имкон медиҳад, ки бор аз Чин ва Осиёи Марказӣ ба Аврупо интиқол дода шавад”, - таъкид кард муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Вай роҳи кӯтоҳтар ба Аврупо, дастрасӣ ба бандарҳои Эрон, Туркия ва бозорҳои байналмилалӣ бидуни баромадан ба баҳр, рушди тиҷорат миёни Чин, Осиёи Марказӣ ва Аврупоро аз бартариҳои долони мазкур номид.
Дар ин ҷаласа хонум Саидмуродзода пешниҳод намудааст, ки хатсайри "Тоҷикистон – Покистон – Чин", ки барои алоқаи байналмилалии автомобилӣ ташкил шудааст, ҳамчун долони алтернативӣ баррасӣ карда шавад.
"Ин масир метавонад имкони дастрасӣ ба бандарҳои Покистон дар Баҳри Арабро фарҳам орад ва роҳи иловагии нақлиётро барои тиҷорат байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ муҳайё созад", – гуфт муовини вазири нақлити Тоҷикистон.
Илова бар ин, муовини Вазири нақлиёти кишвар зикр кард, ки бо мусоидати молиявии Бонки осиеии рушд (БОР) роҳҳои автомобилгард дар самтҳои калидии дохилӣ ва минтақавӣ дар доираи Барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) таҷдид ва навсозӣ карда шуданд.
Автодорога Канибадом - Кучкак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар 33 сол чӣ қадар роҳ, пул, нақб ва роҳи оҳан сохта шудааст
Тӯли роҳҳои автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 26 ҳазор км, шабакаи роҳи оҳан 958 километрро дар бар мегирад. Аз қаламрави Тоҷикистон 10 долони байналмилалӣ мегузарад, ки 4 адади онҳо долонҳои ҲМИОМ мебошанд ва барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, савдо ва ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар айни замон бо дастгирии БОР дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон се лоиҳа ба маблағи умумии 242,6 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд. Аз ин шумора як лоиҳа бо арзиши 86,7 миллион доллар дар марҳилаи татбиқ ва ду лоиҳаи дигар бо арзиши умумии 155,9 миллион доллар дар марҳилаи кафолатӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0