Мақомот гуфт истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ барои муҳоҷирон чӣ паёмадҳо дорад

© unsplash / Erik McleanСмартфон в руках. Иллюстративное фото
Смартфон в руках. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ дар Русия метавонад боиси ихроҷу манъи дарозмуддат ё доимии воридшавӣ шавад
ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, музҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ки ба истифодаи телефонҳои мобилӣ ва барномаҳои рақамӣ ҷиддӣ аҳамият диҳанд.
“Бояд дар назар дошт, ки нодуруст истифода ва боргиринамоии барномаҳои махсуси ғайриқонунӣ метавонад, дастгоҳи мобилии шуморо мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор диҳад”, - қайд кардааст Намояндагӣ.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки ҳар гуна амали беэҳтиётона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо метавонад ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ расонида, оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ҷаримаҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ, ихроҷ аз қаламрави Русия ва манъи дарозмуддат ё доимии воридшавӣ ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, шавад.
Ҳамчунин Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки аз пайвастан ба гурӯҳҳо ва каналҳое, ки хусусияти ифротгароӣ, сиёсӣ ё мазҳабии шубҳанок доранд, худдорӣ намянд.
Ҳамчунин ба шахсони ношинос бовар накунанд ва онҳоро ба рӯйхати дӯстони худ илова накунанду ба паёмҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд.
Работы по благоустройству Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
“Телефони худро ба шахсони дигар надиҳед ва барои ҳифзи маълумот рамзи боэътимод (код-парол) насб намоед”, - тавсеа додааст Намояндагӣ.
Аз муҳоҷирон ҳамчунин хоҳиш карда шудааст, ки барномаҳо, китобҳо ва наворҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ ва боэътимод боргирӣ намоянд.
Аз муҳоҷирон хоҳиш карда шудааст, ки талаботҳои қонунгузории Русияро риоя намоянд.
Дар сурати риоя накардани талаботи қонунгузории Русия, барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷарима, ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз, ихроҷи фаврӣ аз кишвар, маҳрумият аз озодӣ ба муҳлатҳои дароз дар муассисаҳои ислоҳии Русия пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0