https://sputnik.tj/20260805/dudi-korkhona-sement-levakand-maqomot-hal-meshavad-1079460174.html
Дуди корхонаи сементи Леваканд сокинонро нигарон кардааст: Мақомот ваъда дод, ҳал мешавад
Дуди корхонаи сементи Леваканд сокинонро нигарон кардааст: Мақомот ваъда дод, ҳал мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Леваканд эълон карданд, ки масъалаи партови дуди корхонаи сементбарорӣ рӯзҳои наздик ҳал мешавад
2026-08-05T10:41+0500
2026-08-05T10:41+0500
2026-08-05T13:33+0500
дар тоҷикистон
семент
коргоҳ
леваканд
хатлон
муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079474277_0:0:3638:2046_1920x0_80_0_0_64f197ee09e7297d8bb8d32b3a6b7b29.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода дар нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти корхонаи сементбарории шаҳр ва таъсири эҳтимолии он ба муҳити зист изҳори назар кард, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.Ба гуфтаи хонум Муминзода фаъолияти корхонаи сементбарорӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда шудааст.Вай афзудааст, ки бо роҳбарияти корхона ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ ва коҳиш додани таъсири партовҳо ба ҳавои атмосфера суҳбатҳои корӣ анҷом дода шудаанд.Ҳамзамон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Леваканд дар ин нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон фаъолияти корхонаро мавриди санҷиш қарор дода, барои беҳтар намудани вазъ як қатор тавсияҳо пешниҳод кардаанд.“Аз ҷумла, насби таҷҳизоти "Мегакатализатор" аз ҷумлаи тадбирҳое арзёбӣ шуд, ки метавонад барои коҳиш додани партовҳои зараровар мусоидат намояд”, - гуфтанд масъулин.Раиси шаҳр афзудааст, ки барои бартараф намудани ин масъала тадбирҳои амалӣ андешида шуда, интизор меравад дар рӯзҳои наздик вазъият беҳтар гардад.
https://sputnik.tj/20260710/bunyodi-korkhonahoi-sement-ohak-istaravshan-bobojon-ghafurov-1078899739.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079474277_182:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_22033640d7b25fa93d4335c57179a7fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, семент, коргоҳ, леваканд, хатлон, муҳити зист
дар тоҷикистон, семент, коргоҳ, леваканд, хатлон, муҳити зист
Дуди корхонаи сементи Леваканд сокинонро нигарон кардааст: Мақомот ваъда дод, ҳал мешавад
10:41 05.08.2026 (Навсозишуда: 13:33 05.08.2026) Мақомоти шаҳри Леваканд эълон карданд, ки масъалаи партови дуди корхонаи сементбарорӣ рӯзҳои наздик ҳал мешавад
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода дар нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти корхонаи сементбарории шаҳр ва таъсири эҳтимолии он ба муҳити зист изҳори назар кард, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.
Ба гуфтаи хонум Муминзода фаъолияти корхонаи сементбарорӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Вай афзудааст, ки бо роҳбарияти корхона ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ ва коҳиш додани таъсири партовҳо ба ҳавои атмосфера суҳбатҳои корӣ анҷом дода шудаанд.
“Дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа лӯлаҳои дудбарои корхона баландтар карда шуда, ба талаботи стандартҳои экологӣ мутобиқ гардонида мешаванд”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Ҳамзамон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Леваканд дар ин нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон фаъолияти корхонаро мавриди санҷиш қарор дода, барои беҳтар намудани вазъ як қатор тавсияҳо пешниҳод кардаанд.
“Аз ҷумла, насби таҷҳизоти "Мегакатализатор" аз ҷумлаи тадбирҳое арзёбӣ шуд, ки метавонад барои коҳиш додани партовҳои зараровар мусоидат намояд”, - гуфтанд масъулин.
Раиси шаҳр афзудааст, ки барои бартараф намудани ин масъала тадбирҳои амалӣ андешида шуда, интизор меравад дар рӯзҳои наздик вазъият беҳтар гардад.