https://sputnik.tj/20260804/shikastash-ima-natijahoi-hamlaho-ukraina-arzyobi-1079438613.html
"Шикасташ тезонда шуд." Дар ИМА натиҷаҳои ҳамлаҳо ба Украинаро арзёбӣ карданд
"Шикасташ тезонда шуд." Дар ИМА натиҷаҳои ҳамлаҳо ба Украинаро арзёбӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Профессор Миршаймер мегӯяд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия шикасти Украинаро тезониданд
2026-08-04T13:41+0500
2026-08-04T13:41+0500
2026-08-04T13:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
има
ғарб
ҳамлаи мушакӣ
шикаст
русия
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/03/1079439665_0:161:2942:1816_1920x0_80_0_0_08a23ea4358581831f5672dd73df8457.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Профессор Ҷон Миршаймер аз Донишгоҳи Чикаго дар шабакаи YouTube-и худ изҳор дошт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия шикасти Украинаро тезонида истодаанд."Илова бар масдуд кардани бандарҳои Украина дар Баҳри Сиёҳ, ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба доираи васеи инфрасохтор, ҳама гуна иншоот дар дохили Украина, ки дар онҳо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва таҷҳизоти низомӣ истеҳсол мешаванд, нигаронида шудаанд. Ҳамлаҳои Русия нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро дар саросари шарқи Украина тахриб мекунанд, ки ҳаракат аз нуқтаи А ба нуқтаи В-ро қариб ғайриимкон мегардонад, зеро сӯзишворӣ нест. Русҳо роҳи оҳан, локомотивҳо ва ғайраро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ниҳоят, ин маъракаи ҳавоӣ, ки Русия ҳоло онро тақвият медиҳад, шикасти Украинаро тезонида истодааст", - қайд кард ӯ.Ба гуфтаи Миршаймер, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина наметавонанд ба ҳамлаи нерӯҳои Русия дар майдони ҷанг тоб оваранд."Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ, иқтисоди Украина ва инфрасохтори он хароб хоҳад шуд. Дар айни замон, русҳо мавқеи худро дар майдони ҷанг мунтазам беҳтар хоҳанд кард. Онҳо аллакай ин корро мекунанд. Комилан равшан аст, ки онҳо тамоми Донбассро зери назорат хоҳанд гирифт. Ман фикр мекунам, ки вазъ дар ин самт ҳаракат мекунад. Ва ман намебинам, ки чӣ гуна украинҳо метавонанд инро тағйир диҳанд", - афзуд профессор.Ба иттилои Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир артиши Русия ба иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ ва марказҳои логистикӣ, ки аз ҷониби Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина истифода мешаванд, инчунин ба нуқтаҳои муваққатии ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридони хориҷӣ дар 156 ноҳия зарба задааст. ерӯҳо инчунин ба нобудсозии бандарҳои душман ва киштиҳои баҳрии таъминоти режими Киев идома доданд.Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина то 1415 хизматчии ҳарбӣ ва 11 мошини зиреҳпӯшро аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20260803/maqomot-rusiya-maskav-muzokirot-ukraina-1079431860.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/03/1079439665_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_4071f608f5c0621b8088f9414eec185a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, има, ғарб, ҳамлаи мушакӣ, шикаст, русия, низоъ
украина, амалиёти вижа, има, ғарб, ҳамлаи мушакӣ, шикаст, русия, низоъ
"Шикасташ тезонда шуд." Дар ИМА натиҷаҳои ҳамлаҳо ба Украинаро арзёбӣ карданд
Профессор Миршаймер мегӯяд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия шикасти Украинаро тезониданд
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Профессор Ҷон Миршаймер аз Донишгоҳи Чикаго дар шабакаи YouTube-и худ изҳор дошт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия шикасти Украинаро тезонида истодаанд.
"Илова бар масдуд кардани бандарҳои Украина дар Баҳри Сиёҳ, ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба доираи васеи инфрасохтор, ҳама гуна иншоот дар дохили Украина, ки дар онҳо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва таҷҳизоти низомӣ истеҳсол мешаванд, нигаронида шудаанд. Ҳамлаҳои Русия нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро дар саросари шарқи Украина тахриб мекунанд, ки ҳаракат аз нуқтаи А ба нуқтаи В-ро қариб ғайриимкон мегардонад, зеро сӯзишворӣ нест. Русҳо роҳи оҳан, локомотивҳо ва ғайраро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ниҳоят, ин маъракаи ҳавоӣ, ки Русия ҳоло онро тақвият медиҳад, шикасти Украинаро тезонида истодааст", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Миршаймер, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина наметавонанд ба ҳамлаи нерӯҳои Русия дар майдони ҷанг тоб оваранд.
"Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ, иқтисоди Украина ва инфрасохтори он хароб хоҳад шуд. Дар айни замон, русҳо мавқеи худро дар майдони ҷанг мунтазам беҳтар хоҳанд кард. Онҳо аллакай ин корро мекунанд. Комилан равшан аст, ки онҳо тамоми Донбассро зери назорат хоҳанд гирифт. Ман фикр мекунам, ки вазъ дар ин самт ҳаракат мекунад. Ва ман намебинам, ки чӣ гуна украинҳо метавонанд инро тағйир диҳанд", - афзуд профессор.
Ба иттилои Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир артиши Русия ба иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ ва марказҳои логистикӣ, ки аз ҷониби Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина истифода мешаванд, инчунин ба нуқтаҳои муваққатии ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридони хориҷӣ дар 156 ноҳия зарба задааст.
ерӯҳо инчунин ба нобудсозии бандарҳои душман ва киштиҳои баҳрии таъминоти режими Киев идома доданд.
Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина то 1415 хизматчии ҳарбӣ ва 11 мошини зиреҳпӯшро аз даст доданд.