https://sputnik.tj/20260804/khujand-aznavsozii-sistemai-partovob-oghoz-1079439481.html
Дар Хуҷанд азнавсозии системаи партовоб оғоз гардид
Дар Хуҷанд азнавсозии системаи партовоб оғоз гардид
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти таҳлилӣ, ин кор саривақтӣ аст, зеро метавонад аз фалокати экологӣ пешгирӣ кунад
2026-08-04T12:41+0500
2026-08-04T12:41+0500
2026-08-04T12:41+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
хоҷагии манзилию коммуналӣ
партоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/08/1078153548_0:57:3060:1778_1920x0_80_0_0_8f780b5377e80a21c44213503c214d5a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар Хуҷанд корҳои васеъи азнавсозии низоми партовоб, ки дар замони шӯравӣ сохта шудааст, оғоз ёфтанд. Дар маблағгузории лоиҳа соҳибкорон фаъолона иштирок мекунанд.Инро шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимаи аввали соли 2026 эълон кард.Ӯ дар бораи пешрафти кор ва маблағгузории лоиҳа маълумот дод.Қайд карда мешавад, ки сокинони Хуҷанд муддати тӯлонӣ дар бораи вазъияти нигаронкунанда, бо сабаби афзоиши босуръати сохтмони манзил дар шаҳр,ки ба фалокати экологӣ наздик аст, изҳори нигаронӣ доранд.Мардум бар ин боваранд, ки дар давоми се соли охир бунёд кардани садҳо биноҳои баландошёна ва ба низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб пайвастани онҳо, метавонад боиси норасоии шадиди об ва ҳамчунин садамаҳои калон низ гардад.Ҳолати иншооти партовоб дар қисмати кӯҳнаи шаҳр, ки баъзе аз онҳо дар солҳои 1960 ва 1970 сохта шудаанд, нигаронии хоса дорад.Айни замон, мақомоти шаҳрдории Хуҷанд низ ҷиддияти вазъиятро дарк мекунанд.Шаҳрдор инчунин афзуд, ки дар раванди барқарорсозӣ ба даст овардани тафоҳум байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор имконпазир гардид.
https://sputnik.tj/20260803/firdavs-sharifzoda-sohibkoron-obodonii-khujand-sahm-1079424322.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/08/1078153548_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_85b3d6fa958afb1e5668e16b557150ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, хуҷанд, хоҷагии манзилию коммуналӣ, партоб
дар тоҷикистон, суғд, хуҷанд, хоҷагии манзилию коммуналӣ, партоб
Дар Хуҷанд азнавсозии системаи партовоб оғоз гардид
Тибқи маълумоти таҳлилӣ, ин кор саривақтӣ аст, зеро метавонад аз фалокати экологӣ пешгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар Хуҷанд корҳои васеъи азнавсозии низоми партовоб, ки дар замони шӯравӣ сохта шудааст, оғоз ёфтанд. Дар маблағгузории лоиҳа соҳибкорон фаъолона иштирок мекунанд.
Инро шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимаи аввали соли 2026 эълон кард.
Ӯ дар бораи пешрафти кор ва маблағгузории лоиҳа маълумот дод.
"Мо навсозии системаи партовобро ҳам дар соҳили рост ва ҳам дар хиёбонҳои Рифат Ҳоҷиев ва Раҳмон Набиев оғоз кардем. Соҳибкорони маҳаллӣ барои кашидани қубурҳои нав дар масофаи то ду километр кумак карданд. Маблағи азхудкардашуда аллакай аз 2 миллион сомонӣ зиёд аст", - гуфт Шарифзода.
Қайд карда мешавад, ки сокинони Хуҷанд муддати тӯлонӣ дар бораи вазъияти нигаронкунанда, бо сабаби афзоиши босуръати сохтмони манзил дар шаҳр,ки ба фалокати экологӣ наздик аст, изҳори нигаронӣ доранд.
Мардум бар ин боваранд, ки дар давоми се соли охир бунёд кардани садҳо биноҳои баландошёна ва ба низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб пайвастани онҳо, метавонад боиси норасоии шадиди об ва ҳамчунин садамаҳои калон низ гардад.
Ҳолати иншооти партовоб дар қисмати кӯҳнаи шаҳр, ки баъзе аз онҳо дар солҳои 1960 ва 1970 сохта шудаанд, нигаронии хоса дорад.
Айни замон, мақомоти шаҳрдории Хуҷанд низ ҷиддияти вазъиятро дарк мекунанд.
"Мо тамоми системаи партовоби шаҳрро марҳила ба марҳила аз нав барқарор хоҳем кард. Ин сармоягузории назаррасро талаб мекунад. Бо сарфи танҳо маблағҳои буҷетӣ татбиқи ин лоиҳаи бузург метавонанд солҳо тӯл кашад. Барои ин мо ба дастгирии соҳибкорон умед дорем", - таъкид кард Шарифзодва.
Шаҳрдор инчунин афзуд, ки дар раванди барқарорсозӣ ба даст овардани тафоҳум байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор имконпазир гардид.