Фирдавс Шарифзода: Соҳибкорон дар ободонии Хуҷанд саҳми бузург доранд

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки соҳибкорони Хуҷанд ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ фаъолона сармоягузорӣ доранд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Ба гуфтаи Фирдавс Шарифзода раиси шаҳи Хуҷанд соҳибкорон ҳоло, лоиҳаҳои бузургро дар соҳаҳои коммуналӣ, маориф ва сохтмони роҳҳо амалӣ мекунанд.
Вай дар ин бора дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр хабар дод.
Ба гуфтаи вай, яке аз лоиҳаҳои пурҳадафтарин ин навсозии системаи канализатсия буд.
“Соҳибкорон барои иваз кардани 2,2 километр хатти канализатсия танҳо дар хиёбони Раҳмон Набиев беш аз 2 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Қубурҳои кӯҳна, ки байни солҳои 1958 ва 1963 гузошта шудаанд, бо қубурҳои муосири диаметри калонтар иваз карда мешаванд. Дар тӯли ду соли оянда навсозии 17 километр шабакаҳои канализатсия дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки тоҷирон ҳамчунин дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад.
Бо дастгирии соҳибкорон аллакай 12 мактаб таъмир ва як мактаби нав сохта шудааст. Айни замон сохтмони бинои нави панҷошёна барои Литсейи физика ва математикаи рақами 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки барои 3000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст, идома дорад.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2026
Идомаи таъмири роҳҳо ва гузаронидани хатти партовоб дар Хуҷанд
Илова бар ин, сохтмони биноҳои нав барои мактабҳои рақами 7, рақами 11 ва рақами 14, толори варзишии рақами 13 ва мактаби рақами 26 идома дорад.
Дар микроноҳияи 14-уми шаҳр, соҳибкорон мактаби хусусии "Максади нек"-ро барои 650 хонанда ва як кӯдакистони 120-нафара месозанд.
Сохтмони мактаб ва кӯдакистони хусусии "Ворисон", ки мутаносибан 160 хонандаи мактаб ва 100 кӯдаки томактабиро дар бар мегирад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре ки Фирдавс Шарифзода қайд кард, имсол дар Хуҷанд инчунин асфалтпӯш кардани 55 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз корҳо аз ҷониби соҳибкорон маблағгузорӣ мешаванд.
"Саҳми соҳибкорон дар рушд ва ободонии Хуҷанд воқеан бузург аст", - таъкид кард шаҳрдор.
Лентаи хабарҳо
0