https://sputnik.tj/20260803/mintaqai-tojikiston-kvotahoi-prezienti-beshtar-doda-1079431366.html
Маълум шуд ба қадом минтақаи Тоҷикистон квотаҳои презиентӣ бештар дода шудааст
Маълум шуд ба қадом минтақаи Тоҷикистон квотаҳои презиентӣ бештар дода шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мқомоти кишвар квотаҳои президентӣ барои дохилшавии хатмкунандагони дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
2026-08-03T16:41+0500
2026-08-03T16:41+0500
2026-08-03T16:41+0500
дар тоҷикистон
донишҷӯ
квота
президентӣ
маориф
таҳсил
донишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0e/1068988205_0:265:3074:1994_1920x0_80_0_0_a80efeb16d976e832ea415a7fc758a24.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Имсол дар Тоҷикистон 1670 нафар хатмкунандагон соҳиби квотаи президентӣ гардида, имкони таҳсили ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ба даст оварданд.Дар ин бора иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта401 нафар зиёд мебошад.Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, квотаҳои президентӣ миёни духтарону писарон баробар тақсим шуда, ба ҳар кадом835 ҷой ҷудо гардидааст.Барои дарёфти ин имтиёз довталабон аз се марҳилаи озмун гузаштаанд ва дар даври ниҳоӣ беш аз6 ҳазор нафар байни ҳам рақобат кардаанд.Бештари ҷойҳои ҷудошуда ба ихтисосҳои омӯзгорӣ рост омада, инчунин барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои математика ва технология низ квотаҳои назаррас пешбинӣ шудаанд.Аз рӯи тақсимот, бештарин квотаҳо ба вилояти Хатлон — 650 ҷой, вилояти Суғд — 446 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 364 ҷой ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 210 ҷой рост меояд.Ғолибони озмун бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба яке аз 18 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул гардида, бо стипендия ва ҷойи хоб таъмин мешаванд. Тибқи талабот, онҳо бояд ихтисосеро интихоб намоянд, ки ба ниёзҳои бозори меҳнати минтақаи зисташон ҷавобгӯ бошад.Қобили зикр аст, ки барномаи квотаи президентӣ аз соли 1997 амал мекунад ва ҳадафи он фароҳам овардани имконияти бештари таҳсил барои ҷавонон, бахусус сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20260731/tojikiston-nazdik-donishju-shudand-1079355174.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0e/1068988205_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_07a0b7e49680317b90f306b95cf3e036.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, донишҷӯ, квота, президентӣ, маориф, таҳсил, донишгоҳ
дар тоҷикистон, донишҷӯ, квота, президентӣ, маориф, таҳсил, донишгоҳ
Маълум шуд ба қадом минтақаи Тоҷикистон квотаҳои презиентӣ бештар дода шудааст
Ба иттилои мқомоти кишвар квотаҳои президентӣ барои дохилшавии хатмкунандагони дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Имсол дар Тоҷикистон 1670 нафар хатмкунандагон соҳиби квотаи президентӣ гардида, имкони таҳсили ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ба даст оварданд.
Дар ин бора иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта401 нафар зиёд мебошад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, квотаҳои президентӣ миёни духтарону писарон баробар тақсим шуда, ба ҳар кадом835 ҷой ҷудо гардидааст.
Барои дарёфти ин имтиёз довталабон аз се марҳилаи озмун гузаштаанд ва дар даври ниҳоӣ беш аз6 ҳазор нафар байни ҳам рақобат кардаанд.
Бештари ҷойҳои ҷудошуда ба ихтисосҳои омӯзгорӣ рост омада, инчунин барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои математика ва технология низ квотаҳои назаррас пешбинӣ шудаанд.
Аз рӯи тақсимот, бештарин квотаҳо ба вилояти Хатлон — 650 ҷой, вилояти Суғд — 446 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 364 ҷой ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 210 ҷой рост меояд.
Ғолибони озмун бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба яке аз 18 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул гардида, бо стипендия ва ҷойи хоб таъмин мешаванд. Тибқи талабот, онҳо бояд ихтисосеро интихоб намоянд, ки ба ниёзҳои бозори меҳнати минтақаи зисташон ҷавобгӯ бошад.
Қобили зикр аст, ки барномаи квотаи президентӣ аз соли 1997 амал мекунад ва ҳадафи он фароҳам овардани имконияти бештари таҳсил барои ҷавонон, бахусус сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар мебошад.