Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ИМА бо Украина дар бобати “Patriot” музокира доранд

© Foto / U.S. ArmyЗенитно-ракетный комплекс Patriot
Зенитно-ракетный комплекс Patriot  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Обуна шудан
Тернер: Музокироти ИМА ва Украина дар бораи интиқоли “Patriot” идома дорад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Вакили конгресси ИМА Майк Тернер мегӯяд, ки музокироти ИМА бо Украина дар бораи интиқоли технологияи низоми мудофиаи зиддимушакии “Patriot” идома дорад.
Қаблан, президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Владимир Зеленский аз Вашингтон мушакҳои “Tomahawk” ва боздорандаҳои “Patriot”-ро дархост кардааст, дар ҳоле ки раҳбари Амрико ба зарурати эҳтиёткорӣ ва мулоҳизаҳои шадид дар таъмини чунин силоҳҳои дақиқ ва марговар ба дигар кишварҳо таъкид кард.
"Бо “Patriot”, ки низоми мудофиавӣ мебошад, ин хеле, хеле мураккаб аст... Ман боварӣ дорам, ки музокирот барои таъмини дастрасии бештар ба технологияи “Patriot” ба Украина идома доранд, то онҳо тавонанд истеҳсолотро ба роҳ монанд ва технологияи мудофиавиро ба даст оранд", - гуфт Тернер дар мусоҳиба бо CBS News.
Оружие солдат ВСУ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ Русия: Ниҳодҳои иктишофии Ғарб ба бозори сиёҳи силоҳи Украина даст доранд
Маскав бар ин бовар аст, ки таъмини силоҳ ба Киев ба ҳалли низоъ халал мерасонад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад.
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна таъминоти низомӣ ҳадафи қонунии артиши Русия хоҳад буд. Дар Кремл гуфтанд, ки таъмини силоҳи Ғарб ба Украина барои музокирот баръакс аст ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0