Идомаи таъмири роҳҳо ва гузаронидани хатти партовоб дар Хуҷанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2026
Обуна шудан
Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз идомаи таъмири роҳҳои дохили шаҳрӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд таъмири роҳҳои дохилӣ ва гузаронидани хатти партовоб идома дорад.
Дар ин бора, шаҳрдор Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфтаи шаҳрдор, то имрўз 30 км роҳҳои мавзеъи шаҳр таъмир ва барқарор карда шуда, бо дастгирии мақомоти вилоят дар кўчаи Рифъат Ҳоҷиев корҳои васеъгардонӣ идома дорад.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону саховатмандон дар хиёбони Раҳмон Набиев барои гузаронидани хатти партовоб корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.
Айни ҳол аз 2 км ба нақша гирифташуда, масофаи 1,7 км қубурҳои қутраш 800 мм-ра васлу насб карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт давом доранд, афзуд Шарифзода.
Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубору таъмир карда шудаанд.
Озеро в Бустоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Дар шаҳри Бустон кӯли асосиро барқарор ва бо об пур карданд
Феълан дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ идома дорад.
Ҳоло бунёди 33 км роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 млрд сомонӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0