https://sputnik.tj/20260803/besh-az-choryaki-majmui-mahsuloti-dokhilii-tojikiston-ba-sughd-rost-meoyad-1079418164.html
Беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба Суғд рост меояд.
Беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба Суғд рост меояд.
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Суғд дар нимсола нисбат ба нақша 254 млн сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 796 млн сомонӣ зиёд будааст 03.08.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-08-03T09:36+0500
2026-08-03T09:36+0500
2026-08-03T11:38+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056919_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_32bf0596a3c3742173a64aa7632308a1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон аз таъминкунандагони асосии буҷаи кишвар ба ҳисоб мераванд. Сар аз аввали сол, нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Суғд қариби 21,2 млрд сомониро ташкил додааст.Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ, даромади буҷети вилоят дар ин давра қариби 4,3 млрд сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба нақша 254 млн сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 796 млн сомонӣ ё 23% зиёд мебошад.Таъкид шудааст, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11 дарсад, кишоварзӣ 10,2 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 46,4 дарсад, баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 39,3 дарсад, гардиши савдои чакана 19,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 6,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 35,2 дарсад ва ғайра таъмин гардид. Гуфта мешавад, ки мақомоти андоз дар вилоят дар нимсолаи якуми иҷрои нақшаи андози иҷтиморо ба андозаи 107,2 дарсад ва ба маблағи 937 млн сомонӣ карданд.Воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дарсад ё 168,9 млн сомонӣ афзудааст. Аз ҷумла, нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 101,5 дарсад ё ба маблағи 432,2 млн сомонӣ ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 112,7 дарсад ё ба маблағи 504,8 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2025-ум мутаносибан 24,9 ва 19,6 дарсад зиёд мебошад.Дар шашмоҳаи гузашта ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро пурраю барзиёд таъмин карда, танҳо дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент нақшаи воридот ба буҷети давлатӣ аз рўйи контингенти умумии даромадҳо иҷро нагардидааст.
https://sputnik.tj/20260802/idomai-tamiri-rohho-khujand-1079408196.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58458
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056919_106:0:1926:1365_1920x0_80_0_0_14376092b06f518bad1001bb96c7add1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, иқтисод, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
дар тоҷикистон, суғд, иқтисод, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
Беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба Суғд рост меояд.
09:36 03.08.2026 (Навсозишуда: 11:38 03.08.2026) Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Суғд дар нимсола нисбат ба нақша 254 млн сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 796 млн сомонӣ зиёд будааст
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон аз таъминкунандагони асосии буҷаи кишвар ба ҳисоб мераванд. Сар аз аввали сол, нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Суғд қариби 21,2 млрд сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ, даромади буҷети вилоят дар ин давра қариби 4,3 млрд сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба нақша 254 млн сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 796 млн сомонӣ ё 23% зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11 дарсад, кишоварзӣ 10,2 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 46,4 дарсад, баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 39,3 дарсад, гардиши савдои чакана 19,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 6,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 35,2 дарсад ва ғайра таъмин гардид. Гуфта мешавад, ки мақомоти андоз дар вилоят дар нимсолаи якуми иҷрои нақшаи андози иҷтиморо ба андозаи 107,2 дарсад ва ба маблағи 937 млн сомонӣ карданд.
Воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дарсад ё 168,9 млн сомонӣ афзудааст. Аз ҷумла, нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 101,5 дарсад ё ба маблағи 432,2 млн сомонӣ ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 112,7 дарсад ё ба маблағи 504,8 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2025-ум мутаносибан 24,9 ва 19,6 дарсад зиёд мебошад.
Дар шашмоҳаи гузашта ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро пурраю барзиёд таъмин карда, танҳо дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент нақшаи воридот ба буҷети давлатӣ аз рўйи контингенти умумии даромадҳо иҷро нагардидааст.