Раҳимзода аз таъсири ҷангҳо ба иқтисоди Тоҷикистон гуфт

© Foto / Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики ТаджикистанПредседатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Султон Рахимзода.
Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Султон Рахимзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2026
Обуна шудан
Низоъҳое, ки идома дорад, хусусияти таъсири дарозмуддат доранд ва наметавонем бигӯем, ки ин омилҳо ба иқтисод таъсиргузор набошанд, мегӯяд мақомдори тоҷик
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Ҳукумат Тоҷикистон талош дорад, ки ба ҳама гуна таҳаввулоте, ки дар ҷаҳон рух медиҳад устувор бимонад.
Ин нуктаро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар зимни нишасти матбуотияш дар посух ба суол дар бораи таъсири ҷангҳо дар Украинаву Эрон ба иқтисоди кишвар изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки талошҳои мушаххас низ дар ин самт идома дорад.
Ба гуфтаи Раҳимзода ҷангҳо то ҳол ба воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар таъсири ҷиддӣ надошт.

"Ба ғайр аз баландшавии арзиши қимати маводи сӯзишворӣ, ки бештар аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад",- гуфт вай.

Вай таъкид кард, ки динамикаи воридоти сармоя давоми се соли охир дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад ва ин нишондиҳанда аст, ки то чӣ андоза таъсирпазир аст.
Аммо, ба назари ӯ низоъҳое, ки мешаванд, хусусияти таъсири дарозмуддат доранд ва наметавонем бигӯем, ки ин омилҳо ба иқтисод таъсиргузор набошанд.
“Як сол пеш дар бораи афзоиши қимати мавроди сӯхт шояд мо фикр ҳам намекардем, аммо ин чиз муттаассифона рух дод”,- гуфт оқои Раҳимзода.
Тибқи иттилои манбаъ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба иқтисодиёти кишвар 1 миллиарду 898,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз зиёд мебошад.
Международный инвестиционный форум Памиринвест-2026.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Ҷалби беш 6 млрд сомонӣ сармоя ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Вай қайд кард, ки ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ низ ба 187,7 миллион доллар расида, 60,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон оқои Раҳимзода қайд кард, ки дар ин давра 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллар ба имзо расида, дар доираи онҳо таъсиси зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 386,9 миллион доллар ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0