Дар Хатлон даҳҳо ҳазор қандаки кӯдакона ва садҳои бозичаҳои Чинӣ аз фурӯш гирифта шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкФестиваль "Китайский Новый год в Москве"
Фестиваль Китайский Новый год в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон мегӯяд қандаку бозичаҳои истеҳсоли чинӣ ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ набуданд, ба ҳамин хотир аз муомилот гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 95 ҳазору 192 дона қандаки кӯдаконаи истеҳсоли Чин ва 260 адад бозичаҳои кӯдакона, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот гирифта шуданд.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Раёсати Тоҷикстандарти вилояти Хатлон иттилоъ дод
Ба иттилои ин ниҳод, ин миқдори қандаку бозичаҳо барои несту нобудсозӣ супорида шуданд.
Қайд карда шудааст, ки ин тадбирҳо дар доираи корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон амалӣ гардида, дар натиҷа 50 дархост барои несту нобуд кардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта қабул гардид.
ин ниҳод таъкид кард, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 41 ҳазор килограмм маҳсулоти гуногун, аз ҷумла нӯшокиҳои ташнашикан, намаки ошӣ, маҳсулоти макаронӣ, шири хушк, шарбатҳои мевагӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, чипс, консерваҳо ва дигар молҳои истеъмолӣ аз гардиш хориҷ карда шуданд.
Уничтожение контрафактной партии детских игрушек. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2026
Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5 тонна маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд
Ҳамчунин, мутахассисони Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак дар ин давра 61 санҷиш гузаронида, 6 ҳазору 586 воситаи ченакро аз назар гузарониданд.
Аз ин шумора 715 адад воситаи ченак корношоям ё таъмирталаб муайян гардида, нисбат ба онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Масъулон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ мунтазам идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0