Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5 тонна маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2026
Обуна шудан
Дар шаҳри Кӯлоб маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлаташон гузашта ошкор ва нобуд карда шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Давоми шаш моҳи соли 2026 мутахассисони шуъбаи нозироти савдо 5,4 тонна маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайристандартиро аз муомилот гирифта, мутобиқи тартиби муқарраргардида несту нобуд намудаанд.
Дар ин бора, сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҳақназарзода Озар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Маҳсулоти нобудшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, маҳсулоти ширӣ, чой, қаҳва, қаннодӣ, бозичаҳои кӯдакона ва дигар будааст.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони Раёсати стандартизатсияи минтақаи Кӯлоб бо мақсади пешгирии гардиши маҳсулоти муҳлаташ гузашта ва ғайристандартӣ миёни соҳибкорону фурӯшандагон, корҳои густурдаи фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Дар ин давра аз ҷониби раёсат 507 сертификати мутобиқат ба маҳсулот дода шуда, аз ин шумора 412 сертификат ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, 92 сертификат ба маҳсулоти воридотӣ ва 3 сертификат ба маҳсулоти содиротӣ рост меояд.
Ҳамзамон, барои мутобиқати фаъолияти субъектҳои хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ 862 шаҳодатномаи хизматрасонӣ ба нуқтаҳои савдо, бозорҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои таъмири нақлиёт, нуқтаҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дода шуд, афзуд Ҳақназарзода.
Ошкори маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Дар Кӯлоб 25,5 тонна намаки ғайримеъёрӣ аз фурӯш гирифта шуд
Масъулин таъкид менамоянд, ки чунин тадбирҳо бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини амнияти маҳсулоти ба бозор пешниҳодшаванда ва баланд бардоштани масъулияти соҳибкорон нисбат ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ мунтазам идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0