https://sputnik.tj/20260801/qarzi-barqi-tojik-nbo-sangtuda-1079392320.html
Қарзи “Барқи Тоҷик" назди НБО “Сангтуда-1” ба беш аз 352 миллион доллар расид
Қарзи “Барқи Тоҷик" назди НБО “Сангтуда-1” ба беш аз 352 миллион доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли барқро каме афзоиш дод
2026-08-01T11:31+0500
2026-08-01T11:31+0500
2026-08-01T11:31+0500
дар тоҷикистон
ҷск сангтуда-1
барқ
энергетика
"барқи тоҷик"
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101822/63/1018226397_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_c355f7516d750eae551d56abd58566d0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Хадамоти матбуоти Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2026 ба шабакаи барқи Тоҷикистон 1 миллиард 476,78 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,11 миллион кВт/соат ё 0,35% зиёдтар мебошад.Тибқи иттилои ширкат, қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" дар назди нерӯгоҳ то 30 июни соли 2026 3 миллиарду 257,2 миллион сомонӣ (тақрибан 352,4 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.Қайд карда шудааст, ки таъминоти кунунии нерӯи барқ пурра пардохта мешавад.Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар НБО "Сангтӯда-1" аз 20-уми январи соли 2008, то 30-юми июни соли 2026, яъне аз рӯзи ба кор даромадани агрегати якум, 39 млрд 47,78 млн кВт·соат неруи барқ истеҳсол шудааст.Ёдовар мешавем, ки 31-уми июл аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" (бо иқтидори 670 мегаватт) 17 сол пур шуд.Агрегати якуми неругоҳ 20-уми январи соли 2008, се моҳ пештар аз муҳлати пешбинишуда, ба кор дароварда шуд. Агрегати дуюм 1-уми июли соли 2008 ва агрегати сеюм 5-уми ноябри ҳамон сол ба истифода дода шуданд.Айни замон, НБО "Сангтӯда-1", дар маҷмуъ 11-12 фоизи ҳаҷми солонаи неруи барқи дар кишвар истеҳсолшавандаро таъмин менамояд.Иқтидори нерӯгоҳ 670 МВт (чор агрегати гидроэнергетикӣ бо иқтидори 167,5 МВт ҳар кадом) мебошад.Саҳми ҷониби Русия дар сармояи оинномавӣ 75% тарҳи 1 саҳмия ва саҳми ҷониби Тоҷикистон 25% ва 1 саҳмия аст.
https://sputnik.tj/20250617/tojikiston-juziyot-sozishnoma-rusiya-sangtuda-1068179769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101822/63/1018226397_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_4fa5400c1a0317a81d92145da430747a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷск сангтуда-1, барқ, энергетика, "барқи тоҷик", қарзҳо
дар тоҷикистон, ҷск сангтуда-1, барқ, энергетика, "барқи тоҷик", қарзҳо
Қарзи “Барқи Тоҷик" назди НБО “Сангтуда-1” ба беш аз 352 миллион доллар расид
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли барқро каме афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Хадамоти матбуоти Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2026 ба шабакаи барқи Тоҷикистон 1 миллиард 476,78 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,11 миллион кВт/соат ё 0,35% зиёдтар мебошад.
Тибқи иттилои ширкат, қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" дар назди нерӯгоҳ то 30 июни соли 2026 3 миллиарду 257,2 миллион сомонӣ (тақрибан 352,4 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки таъминоти кунунии нерӯи барқ пурра пардохта мешавад.
Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар НБО "Сангтӯда-1" аз 20-уми январи соли 2008, то 30-юми июни соли 2026, яъне аз рӯзи ба кор даромадани агрегати якум, 39 млрд 47,78 млн кВт·соат неруи барқ истеҳсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 31-уми июл аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" (бо иқтидори 670 мегаватт) 17 сол пур шуд.
Агрегати якуми неругоҳ 20-уми январи соли 2008, се моҳ пештар аз муҳлати пешбинишуда, ба кор дароварда шуд. Агрегати дуюм 1-уми июли соли 2008 ва агрегати сеюм 5-уми ноябри ҳамон сол ба истифода дода шуданд.
Айни замон, НБО "Сангтӯда-1", дар маҷмуъ 11-12 фоизи ҳаҷми солонаи неруи барқи дар кишвар истеҳсолшавандаро таъмин менамояд.
Иқтидори нерӯгоҳ 670 МВт (чор агрегати гидроэнергетикӣ бо иқтидори 167,5 МВт ҳар кадом) мебошад.
Саҳми ҷониби Русия дар сармояи оинномавӣ 75% тарҳи 1 саҳмия ва саҳми ҷониби Тоҷикистон 25% ва 1 саҳмия аст.