Тоҷикистон ҷузъиёти созишнома бо Русия дар бораи истифодаи “Сангтуда-1”-ро расонаӣ кард

© Foto / Пресс-служба ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС
Сангтудинская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2025
Обуна шудан
Парлумони Тоҷикистон созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО "Сангтуда-1"-ро ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби вакилон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО “Сангтӯда-1” аз 30 июли соли 2009 ба тасвиб расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии Протоколи мазкур ин ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи Протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 млн. доллари ИМА муаяйн карда шудааст.
Ҳамзамон татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сент ва дар соли 2032 ба 2,2 сент баробар хоҳад шуд.
Тибқи ин санад, муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо дар доираи ин иншоот аз 20 сол ба 35 сол (15 соли иловагӣ - аз соли 2034 ба соли 2048) иваз карда шуд.
Имзои Протоколи муҳим миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2025
Тоҷикистону Русия барои танзими фаъолияти НБО “Сангтуда-1” санад имзо карданд
Вазорати энергетика зикр кардааст, ки бо таъмин намудани иҷрои муқарраротҳои бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои зерин дар назар аст:
Давоми солҳои 2025 - 2034 марҳила ба марҳила пурра аз эътибор соқит намудани қарзҳои ба ҳолати 31.12.2024 ба амаломада ба маблағи 3 млрд 257 млн сомонӣ баробар ба 297 миллион доллар;
Паст шудани тарифҳои хариди неруи барқ ба 1,5 сент аз 3,168 сент яъне 2,1 мартиба паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сент баробар мешавад, ки он аз сатҳи имрўзаи тарифҳо низ паст мебошад.
Қайд гардидааст, ки минбаъд аз соли 2033 то охири соли 2048 дар сатҳи 3,3 сент яксон хоҳад монд.
Ба гуфтаи вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон самаранокии молиявии натиҷаҳои музокиротҳо ва муқаррароти Протоколи мазкур дар давоми солҳои 2025-2049 маблағи 588 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0