Маълум шуд дар Тоҷикистон имсол чӣ қадар кӯдак ба синфи якум меравад

© Foto / Русский дом в Таджикистане1 сентября в школе им.Менделеева в Турсунзаде.
1 сентября в школе им.Менделеева в Турсунзаде.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2026
Обуна шудан
Вазорат маорифи кишвар омореро нашр, ки дар он шумори тахмини мактаббачагоне, ки имсол ба синфи якум мераванд эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин омор то оғози соли хониш метавонад тағйир ёбад ва шумораи ниҳоии хонандагони синфи якум охири моҳи сентябр маълум хоҳад шуд.
Тибқи талаботи амалкунанда, имсол ба синфи якум кӯдаконе қабул мешаванд, ки то 31-уми декабри соли 2019 таваллуд шудаанд. Кӯдаконе, ки аз 1-уми январи соли 2020 ва баъд аз он таваллуд шудаанд, имсол ба синфи якум қабул намегарданд.
Ёдовар мешавем, ки қабули кӯдакон ба синфи якум аз 1-уми август оғоз шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм анҷом дода мешавад.
Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.
1 сентября в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардид
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси қавонини Тоҷикистон ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.
Вазорат ба падару модар тавсия додааст, ки фарзандонашонро бояд ба мактаб тезтар омода намоянд ва онҳоро ба дарсҳо шавқманд намоянд, бо онҳо бештар вақт гузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0