Тоҷикистон ба садҳо миллион доллар маҳсулоти маъданӣ содирот кардааст

© Sputnik / Pavel Lisitsyn / Гузариш ба медиабонкИзумруды. Иллюстративное фото
Изумруды. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши назарраси содироти маҳсулоти маъданӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти маъдании Тоҷикистон, ба 500 миллиону 324 ҳазор доллар расид.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ, Тоҷикистон дар ин давра содироти семент, маъданҳои тозакардашуда, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва нерӯи барқ, ба ба беш аз 500 миллион доллар ба хоиҷ содир кардааст.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ, ки ҳаҷми содирот 334,4 миллион долларро ташкил дода буд, ба таври назаррас афзоиш ёфта, 149,6%-ро ташкил дод.
Ҳамин тавр, ҳаҷми содироти маҳсулоти маъданӣ нисбат ба давраи муқоисавӣ 165,8 млн доллар зиёд гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти маъданӣ ҳамчун натиҷаи рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратии хориҷӣ арзёбӣ мегардад.
Строительство завода по добыче сурьмы и золота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2026
Бунёди корхонаи коркарди маъдани сурма ва тилло дар Панҷакент
Содироти маҳсулоти маъданӣ аз Тоҷикистон қисми муҳими иқтисодиёт буда, саҳми он дар ҳаҷми умумии содироти кишвар беш аз 40 фоизро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0