Бунёди корхонаи коркарди маъдани сурма ва тилло дар Панҷакент

© Foto / Пресс-служба администрации ПенджикентаСтроительство завода по добыче сурьмы и золота.
Строительство завода по добыче сурьмы и золота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2026
Обуна шудан
Бунёди коркарди маъдани сурма ва тилло дар Панҷакент даҳҳо нафар сокинони маҳаллиро ба кор таъмин намуда, он як манбаъи муҳими ғанигардонии буҷа табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент болотар аз кӯли ҳафтуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл корхонаи азими нави коркарди маъдани сурма ва тилло бунёд мегардад.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент корхона дар қарибии деҳаи Замчорраҳаи деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бунёд мегардад.
“Ин мавзеъ болотар аз кӯли ҳафтуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл ҷойгир буда, қаблан геологҳо он ҷо захираи маъдани сурма ва тилло кашф карда буданд. Дар ин замина ҳоло Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рушди саноат” ин ҷо ба бунёди корхонаи коркарди ин маъодин шурӯъ намудааст”, - қайд кардааст мақомоти Панҷакент.
“Ҳоло аз ҷониби ширкат бо ҷалби мутахассисон захираи маъдани кашфшуда бозбинӣ шуда, корҳои иктишофӣ идома дода мешавад”, - гуфт раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз ҷараёни сохтмони корхона.
Дар ҳудуди корхона барои кормандон хобгоҳ, амбори нигоҳдории намунаҳо сохта, кушодани роҳу дигар корҳои ниҳодина идома дорад.
Қайд карда шудааст, ки бо бунёди ин корхонаи саноати кӯҳӣ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва мутахассисон ба кори доимӣ ҷалб шуда, он як манбаъи муҳими ғанигардонии бучет ҳам мешавад.
Добыча руды на территории горно-обогатительного комбината. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2026
Тоҷикистон шартҳои калидии саноатикунонии босуръатро муайян кард
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфт, ки Тоҷикистон дар истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим потенсиали назаррас дорад: кишвар тақрибан 800 кони металл ва маъдан дорад, ки 100-тои онҳо дар ҳоли коркард мебошанд, аз ҷумла литий, сурма, мис ва унсурҳои нодири замин.
Вай афзуд, ки корҳои ҷустуҷӯи геологӣ танҳо дар 5% конҳо анҷом дода шудаанд, ки имкониятҳои назаррасеро барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ин бахш фароҳам меорад.
"Кишвари мо ҳамаи металлҳо ва маъданҳои муҳимро дорад, ки барои гузариш ба иқтисоди сабз талабот зиёд аст", - қайд кард вазири саноат ва технологияҳои нав.
Лентаи хабарҳо
0