Тоҷикистон ният дорад аз Чин маҳсулоти нафтӣ ворид кунад

© REUTERS /Joyce ZhouКитайский нефтяной танкер в порту Цинъи в Гонконге, Китай, 19 марта 2026 года.
Китайский нефтяной танкер в порту Цинъи в Гонконге, Китай, 19 марта 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Чин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо сафири Чин дар Душанбе Го Жиҷун воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Чин ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, доир ба таҳкими равобити минбаъда табодули афкор намуданд.
“Тарафҳо ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Тарафҳо ҳамчунин масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар ин самт ва роҳҳои тақвияти муносибатҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар чанде пеш бо раҳбари Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Осотона масъалаи афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Республику Казахстан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон
“Бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд”, қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
Лентаи хабарҳо
0