https://sputnik.tj/20260730/darkhost-rahmon-toqaev-afzoishi-voridot-mahsuloti-nafti-qazoqiston-1079339020.html
Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон
Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидор аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд
2026-07-30T12:41+0500
2026-07-30T12:41+0500
2026-07-30T12:41+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
нафт
сӯзишворӣ
равобит
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1d/1079325499_244:394:1804:1271_1920x0_80_0_0_7597959fdd2ead71bed41bcfcc48f063.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Тоҷикистон ният дорад хариди маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш диҳад.Ин масъала дар мулоқоти ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Осотона баррасӣ шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" вориди пойтахти Қазоқистон шуд.Манбаъ қайд кардааст, ки дар дидору мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Остона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.“Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид”, - қайд кардааст Хадамоти матбуот.Таъкид шудааст, ки бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.Ҳамчунин тарафҳо ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.Роҳбарони ду кишвар аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд.Дар ин дидор ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.Раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
https://sputnik.tj/20260729/nigaronii-rahmon-bozori-sukht-dastur-prezident-vorid-suzishvori-1079311866.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1d/1079325499_65:0:1885:1365_1920x0_80_0_0_a2f72125e77339468bb966d7a7cec8b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, нафт, сӯзишворӣ, равобит, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, қосим -жомарт тоқаев
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, нафт, сӯзишворӣ, равобит, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, қосим -жомарт тоқаев
Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон
Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидор аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Тоҷикистон ният дорад хариди маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш диҳад.
Ин масъала дар мулоқоти ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Осотона баррасӣ шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" вориди пойтахти Қазоқистон шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар дидору мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Остона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.
“Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид”, - қайд кардааст Хадамоти матбуот.
Таъкид шудааст, ки бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Ҳамчунин тарафҳо ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.
Роҳбарони ду кишвар аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд.
Дар ин дидор ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.